Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
سرور المومن بطاعة ربه و حزنه علی ذنبه
Шодии мӯъмин ба итоат ва фармонбардорӣ аз Парвардигораш ва ғаму андӯҳаш ба хотири гуноҳ ва нофармонияш аст.
Ғурарулҳикам, саҳ.136
Фарзонагоҳи бузургвор ҳатто ғаму шодияшон ҳам нишон аз азамати рӯҳ ва андешаи воло дорад.
Имон авҷ ва қуллаи хирадмандӣ ва фарзонагӣ аст.
Ғаму андӯҳи мӯъмин низ бояд ба таносуби шахсият ва имону шуури динӣ ва иҷтимоии ӯ бошад.
Яке дар авҷи хушиҳо, лаззатҳо ва комёбиҳои зоҳириву зудгузари дунё зиндагӣ мекунад, аммо бо гуноҳ ва нофармонии Худои меҳрубон.
Дигаре дар коми балоҳо ва сахтиҳост, аммо бо ризои Парвардигор, ки дар гарави итоат ва бандагӣ аст.
Кадом арзишмандтар аст?
Он хушии қаҳр бо Худо ё он ғами оштӣ бо Худо?
Меъёр он аст, ки зиндагонӣ ва кору рафтор ва гуфтори мо ранги итоати Худо дошта бошад на гуноҳу саркашӣ!
Агар итоат кардем хурсанд бошем ва агар гуноҳ кардем андӯҳгин шавем.
Мизон ва тарозу дар охират ҳамин итоат ва гуноҳ аст ва инҳо ғаму шодии дунё ҳастанд.
Ончӣ биҳиштофарин аст дар итоати Парвардигор будан аст ва ончӣ барои инсон дӯзах месозад гуноҳ аст.
Бо ин ҳисоб бисёре аз хушҳолони зоҳирии дунё бояд зонуи ғам бағал гиранд ва бисёре аз ранҷдидагон бояд хурсанд бошанд, чун онҳо аз тоату ибодати Парвардигор дуранду қаҳр ва инҳо дур аз гуноҳу оштӣ бо Худо!
Оё мо аз як сум ду сум нашудан нороҳат мешавем, вале аз намоз нахондан ё қазо шудани он ғамгин намешавем?
Барои расидан ба сари кору мағозаву бозору бозӣ лаҳзашуморӣ мекунем ва бо нишот сари вақт меравем, вале барои намозу, масҷиду қироати Қуръони Кариму ёд гирифтани аҳкоми динӣ беҳолу нороҳат мешавем?
Оё ҳаваси дунёдорони фосиқу фосид ва гунаҳкорро мехӯрем ё худро дар муқоиса бо бандагони шоистаи Худо ақибмонда медонем?
Баҳо ва пешрафти дарсу варзиши фарзандамон бароямон хеле муҳим аст ва аз он хушҳол мешавем, вале аз бехабарияш ба дин ва сустияш дар анҷоми бандагӣ нороҳат нестем?
Аз ин ки ҳанӯз соҳиби хона ё даромади хуб нестем нороҳатем, вале аз ин ки чанддаҳсоли умрамон гузашту барои қабру қиёмат омодагӣ надорем бехаёлем?
Ва “ Ту худ ҳадиси муфассал бихон аз ин муҷмал”
Хушо онон, ки дар ғаму шодӣ ҳам меъёр он ҳам бандагӣ ё гуноҳи Худоро дошта бошанд!