Расули Худо (с) фармуд:
من علامات الشقاء (اربعة) جمود العین و قسوة القلب و شدة الحرص فی طلب الدنیا (الرزق) و الاصرار علی الذنب
Хушкии чашм ва сангдилӣ ва ҳирси зиёд дар талаби дунё ва такрору пофишорӣ бар гуноҳ аз аломатҳои бадбахтӣ аст.
Хисол, ҷ.1, саҳ. 242, боби чорум, ҳадиси 96; Биҳор, ҷ.74, саҳ.172
Касоне, ки гуноҳ кунанд ва бар анҷоми он пофишорӣ ва такрор кунанд мехоҳанд дар ҳамин дунё ба ҳамаи хостаҳои ҳайвонӣ, нафсонӣ, шаҳвонӣ ва шайтонии худ бирасанд. Ин рӯҳия сабаби ҳирси зиёд барои расидан ба дунё мешавад ва натиҷаи он сангдилӣ аст. Дигар барои риояти ҳуқуқи дигарон, ҳифзи обрӯи атрофиён, кӯмак ба ниёзмандон ва дастгирӣ аз маҳрумон ва ҳамдардӣ бо мазлум ва мубориза бо золим бемаънӣ мешавад, чун яке аз золимҳои аслӣ худи ӯст. Дили ӯ дигар барои касе раҳм надорад. Ӯ гурге аст, ки дар зоҳир инсон аст ва ҳамеша дар фикри даридани дигарон аст. Ин қалби бераҳм дигар оби чашм ва қатраи ашк надорад. Чун сарчашмаи он хушк шудааст. Ин инсони бадбахт аст.
Худоё, ба ту паноҳ мебарем!