Нафаҳмидани дунёи ғайри воқеии филм ва таъсири манфии он бар рӯҳияи кӯдак
Ба назари равоншинос афроди зери ҳафт сол замоне, ки саҳнаҳои тарснокро мебинанд ё достонҳои ваҳшатнокро мешунаванд, ғайр воқеӣ будани онро дарк намекунанд, ба иборате дигар тасаввури онҳо ин аст, ки ин филм воқеӣ аст бинобар ин онҳо метавонанд ба ихтилолҳои хоб ва ҳатто пурхӯре, ки яке аз нишонаҳои изтироб аст мубтало шаванд.
Тамошои пайвастаи саҳнаҳои тарснок метавонад ба афсурдагӣ хатм шавад. Кӯдакони 9 сол ба баъд ғайри воқеӣ будани филми тарснокро дарк мекунанд ва гуфтани ҷумлае бо ин мазмун, ки ин филм ғайри воқеӣ аст, метавонад онҳоро ором кунад. Ба таври куллӣ дидани филми ваҳшат аз синни нуҳсолагӣ метавонад ба эҷоди дарки авотиф ва ҳаяҷоноти шадидтар биянҷомад.
Табиатан ин ҳолат боиси эҳсоси дармондагӣ, бечорагӣ ва таслим шудан мешавад ва мумкин аст аз ин афрод одамҳои тарсу гурезон аз риск бисозад то онҳо бовар кунанд дар мавқеиятҳои иҷтимоӣ ва зиндагӣ ҳеҷ ихтиёре надоранд ва таслими маҳзи шароит мешаванд. Дар бузургсолон ҳам мумкин аст дидани ин жанр аз филмҳо боиси афсурдагӣ шавад.
Роҳҳал барои мудирияти изтироб дар даврони кӯдакӣ
Дар интихоби филми муносиб барои мушоҳидаи кӯдакон дар манзил бояд ҳамонанди мушоҳида филм дар синамо диққат кард ва агар саҳнаи ғайримунтазира ва тарснок дар филм бошад ба кӯдакони худ дар бораи он тавзеҳ дода шавад ва ҳамчунон агар филме боиси эҷоди ваҳшат дар байни кӯдакон ва навҷавонон шуд онро хомӯш кунед ё синаморо тарк кунед. То ҳадди имкон саъй кунед дар интихоби бозиҳои компютерӣ ва таърифи достон барои кӯдакони худ мудирият ва назорати бештаре дошта бошед то ингуна аз авоқиби ҷуброннопазир он бар рӯҳияи кӯдакон ва навҷавонон пешгирӣ кунем.