Ба номи Худо
Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
ثمرة المحاسبة صلاح النفس
Самара ва ҳосили муҳосиба ва аз худ ҳисоб кашидан ислоҳи худ аст.
Ғурарулҳикам, ҷ.3, саҳ.334
Ҳеҷ хирадманде розӣ нест, ки дар муомила зарар ва зиён бинад, лекин шинохти суду зиён хеле муҳим аст.
Чӣ бисёранд касоне, ки ҷои суду зиёнро хато мекунанд ва як умр зарар мебинанд, аммо худро баранда мепиндоранд.
Чӣ хуб аст, ки барои худ дафтарчаи ҳисобу китоб боз кунем!
Барномаи ахлоқӣ ва тарбиятии ҳисобу китоб барои он аст, ки инсон ба суду зиёни умри хеш нигоҳ кунад ва сармояи беназир ва пурарзишу нотакрори умрро тавре харҷ кунад, ки суд бибинад.
Китоби нафсро ҳам бояд варақ зад, хонд, диққат ва ҳисобу китоб кард!
Дар шинохти ниятҳо, хислатҳои хубу бад ва фазилату разилат-и худ ҳам бояд ҳушёр ва бедор буд.
Фурсатҳои хубе барои дур кардани зарарҳо ва ба даст овардани судҳои ҳақиқӣ ва пойдор дар зиндагии мо кам нестанд, вале бояд онҳоро шинохту ғанимат донист ва дуруст баҳра буд. Моҳи Рамазон, шабҳои қадр, ҳаҷ, ашку намози шабона ва ... аз ҷумлаи ин фурсатҳои беназиранд.
Касе метавонад иддао кунад,ки худро тарбият кардаам, ки худшиносӣ ҳам дошта бошад.
Аҷабо! Инсон барои миқдоре дороии моддӣ ва тиҷорату банку даромад хеле ҳисобу китоби ҷузъӣ ва куллӣ дорад, аммо сармояҳои аслӣ ва арзишманди худро бе ҳисобу китоб барбод медиҳад ва зарарҳои рӯҳиро зарар намешуморад.
Натиҷаи ҳисобу китоб аз худ ислоҳи хеш аст.
Касе, ки бояд аз бозор даҳҳо чизи супоришшударо бихарад агар онҳоро рӯйхат карда бошад ва даст дошта бошад дар камтарин вақт, бе фаромуш кардани мавриде ва ба андозагирии дороиаш ҳамаро таҳия мекунад, вале касе 4-5 мавридеро, ки дақиқ намедонад, ёддошт накарда дар замони бештар, фаромуш кардани бархе ва нарасидани пулаш ноқис мехарад.
Бо ин кор инсон айбҳову камбудиҳо ва роҳҳои ҷуброни онро мефаҳмад ва дар сурате ки расидан ба камол барояш муҳим бошад онҳоро ислоҳ мекунад ва худро рушд медиҳад.
Рӯзе чанд дақиқа ин корро анҷом медиҳем???
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст