Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
الحَقُودُ مُعَذَّبُ النَّفسِ مُتَضاعَفُ الهَمِّ
Рӯҳи кинатӯз ҳамеша дар азобу гирифторӣ аст ва андуҳаш рӯ ба зиёдӣ аст.
Ғуруралҳикам, ҷ.2, саҳ.91
Ба ҳамон андоза, ки афву гузашт рӯҳи инсонро оромиш ва осоиш мебахшад, кинатӯзӣ ва интиқомҷӯӣ сабаби ранҷу азоби дарунӣ ва рӯҳӣ мешавад.
Он ки мебахшад корро тамомшуда медонад ва ҷону дилро аз қайду банди он раҳо мекунад, вале касе, ки ҳозир нест бибахшад ранҷу азоб ва нигаронии тулониро бар рӯҳу дили худ боқӣ мегузорад, чун пайваста ба фикри интиқом аст ва ин фикр ӯро дар азоб нигаҳ медорад.
Чаро бо кинатӯзӣ ва пофишориву душманӣ худро ба дасти худ шиканҷа ва азоб диҳем?
Вақте метавон роҳат зиндагӣ кард чаро машаққату сахтиро интихоб кунем?
Баъзе инсонҳо кинаи шутурӣ доранд ва то бо интиқом ҷуброн накунанд ором намешаванд, ҳарчанд ин фурсат чандин сол тул кашад. Чандин сол бо кина дар камин будан ба қасди зарар задан ба дигарон оё нодонӣ ва худозорӣ нест?
Он ки ҳамон лаҳзаи аввал хатои дигаронро мебахшад аз ҳамо лаҳза худро орому осуда карда корро тамом мекунад.
Кинатӯз агар натавонад интиқом бигирад ғусса ва андуҳаш чанд баробар мешавад.
Дар ҳақиқат кинатӯз гирифтори азоб ва зиёд шудани ғаму андуҳ аст.
Роҳи раҳоӣ аз ин азобу ғаму ғусса ба дасти худи ӯст агар мардонагӣ ва ҷавонмардӣ кунад... афву бахшиш!!!
Қурайш ва мушрикони Макка 20 сол Расули Худоро озор доданд. 13 соли беъсат ва 7 соли ҳиҷрат. Вақте Паёмбари Аъзам (с) Маккаро фатҳ кард, парчамдори мадании лашкари Ислом фарёд зад: Имрӯз рӯзи интиқом аст!!! Паёмбари Худо(с) парчамро аз дасти ӯ гирифт ва фармуд: Имрӯз рӯзи раҳмату бахшиш аст!!!
Чӣ қадар бузургвориву каромат!!!