Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
بالاحسان تملک القلوب
Бо некӣ ва эҳсон дилҳо ба даст меояд.
Ғуруралҳикам, ҷ.3, саҳ.228
Ба шукронаи неъмат ва тавоне, ки Худои меҳрубон ба мо додааст сазовор аст, ки дасти ниёзмандонро бигирем ва барои ҳалли мушкилоти атрофиён талош кунем.
Дилсӯзӣ барои мардум ва ғамхорӣ барои дардмандон ва некӣ ба ҳамнавъон ҳам сабаби ризои Худост ва ҳам бо хилқату фитрати инсонӣ созгор аст ва ҳам виҷдону рӯҳи некукорро ором мекунад.
Бо некӣ ба ниёзмандон ҳам маҳбуби Худо мешавем ва ҳам маҳбуби халқи Худо.
Ҳамонгуна ки мо аз касоне, ки ба мо некӣ кунанд сипосгузорем ва онҳоро дӯст медорем дигарон ҳам нисбат ба некии мо дар ҳаққи худ аз мо сипосгузорӣ мекунанд ва моро дӯст медоранд.
Тавонгарӣ ва қудрату зӯр дари хонаи дилро ба рӯи мо намекушояд.
Агар касе аз мо хубӣ ва некӣ бибинад худ дарро боз мекунад ва мо соҳиби дили ӯ мешавем.
Некӣ ва дастгирӣ закоти сарвату қудрат ва бархурдорӣ аз неъматҳои Худост. Амал ба ин вазифа ҳисоби рӯзи охирати моро ҳам осон мекунад.
Ҷавонмардон қалъаи дилҳоро бо сипоҳи эҳсон мекушоянд. Ин лашкар ҳар ҷо қадам гузорад пирӯзӣ ба даст меорад он ҳам пирӯзӣ бар қалбҳо.
Некукорон шоҳони бетоҷу тахте ҳастанд, ки бар дилҳо ҳукумат мекунанд.
Шайтон ин душмани қасамхӯрдаи Бани Одам ва нофармон аз дастури Худо дӯст надорад, ки инсонҳо ба амри Худо амал кунанд ва ризои ӯро ба даст биёранду маҳбуб шаванд вабар қалбҳо подшоҳӣ кунанд!
Пас эҳсон калиди кушодани қалъаи муҳимми дилҳост!
Аз Худо тавфиқ бихоҳем ва аз раҳзанон эҳтиёт кунем!