Дунёи модерни имрӯзӣ бо сохтану намоиши филмҳо ва филмҳои тасвирии тарснок нохудогоҳ кӯдакон ва навҷавононро ба хӯ гирифтан ва одат кардан бо хушунат ташвиқ мекунад ва кӯдакон ҳам бадахлоқиро барои баёни нороҳатияшон интихоб мекунанд. Ин даста аз жанрҳои ҳаяҷонӣ илова бар ҳаяҷонӣ будан, дар кӯдакон ва навҷавононро, ки омодагӣ ва заминаи изтироб ва нигаронӣ доранд музтариб ва нигарон мекунад ва онҳо дар амалҳои худ нисбат ба атрофиён аз хушунат ва бадбинӣ ва бадрафторӣ истифода мекунанд.
Кӯдакон ва навҷавонон аз тарафдорони сарсахти филмҳои тарснок ҳастанд, аммо асарҳои вайронгари он бар зиндагии ин бахши муҳимми ҷомеа чигуна хоҳад буд?
Ба назари равоншиноси тарбиятӣ кӯдакон ва навҷавонон дар синини мухталиф таъсирпазирии гуногуне доранд ва ба се даста томактабӣ, синфҳои ибтидоӣ ва навҷавонӣ тақсим мешаванд. Бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудаҳои синнӣ бояд тадбирҳои хоссе барои таъсирпазирии кӯдакон дошт. Шояд дар назари бузургсолони бисёре аз филмҳои тарснок набошад, вале ин имкон вуҷуд дорад, ки ҳамон филмҳо барои кӯдакон дар синҳои мухталиф метавонад тарснок ва озордиҳанда бошад.
Кӯдаконе, ки филмҳои тарснок мебинанд бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд. Чун онҳо дар ин син наметавонанд мақсадҳои филмро бифаҳманд, ки агар пушти саҳнаи ин филмҳоро бибинад на танҳо тарснок ва ё қаҳрамонона нест, балки хандаовар ва хеле ҳисобшуда аст. Хеле аз ин шахсиятҳо воқеият ва таносуб бо фарҳанги ҷомеа надорад. Илова бар ин кӯдакон ба дунболи сармашқгирӣ ҳастанд ва замоне ки бо чунин саҳнаҳои ҳаяҷонӣ рӯбарӯ мешаванд рафтори шахсиятҳои филмро сармашқ мегиранд ва дар зиндагии рӯзона ва ҳамсолони худ ба кор мебаранд.
Кӯдакон ва навҷавонон бештар ба далели ҳисси рақобатпазирие, ки бо дигар ҳамсолони худ доранд, гароиши зиёде ба тамошои филмҳои тарснок ва ҳаяҷонӣ доранд. Онҳо бо тамошои филмҳои тарснок қасд доранд ин тавонмандии вижа ва беназирро ба бақияи дӯстонашон нишон диҳанд ва исбот кунанд.
Дар шароите, ки дастрасӣ ба анвои филму дастгоҳҳои осон пахшкуни филм вуҷуд дорад вазифаи падарону модарон ва мураббиён бисёр муҳим ва сарнавиштсоз аст. Ғафлат ва сустиву фурсатсӯзӣ ҷаримаи сангин, нобахшуданӣ ва ҷуброннопазире барҷой мегузорад, ки пушаймонӣ суде надорад!
Пас ҳама масъулем!!!