Сайидбурҳон Акбар;

Дини мубини Ислом, ки дар тамомии аъсору аносири зиндагии модди ва маънавии башарият барнома ва ҳукму қонун барои иршоду ҳидоят дорад, дар бораи иҷтимоъ ва ё ҳамон зиндагӣ дар миёни дигарон бо таомулу ҳамроҳӣ! чунон ворид шуда аст, ки ҳатто баъзе мавридро ба сурати фарзу воҷиб ва суннати муаккад ва баъзеро мустаҳабу мубоҳ матраҳ намуда аст, ки ҳаркадом назди инсони мусалмон маъно ва сурати иҷроии хоссе хоҳад дошт.

Дар улуму назарияҳои имрӯзӣ аз иҷтимоъ ва зиндагӣ дар миёни дигарон сухану теуриҳои зиёде дида мешавад, ки амалан тамом ва ё ҳадди аксари онҳоро метавон дар як амр муштарак донист ва он танзиму тартибе, ки дар назарияҳои ичтимоияшон аст донист ва он моддигароӣ ва асолат бахшидан бар инсону иҷтимоъ аст. Ин назарияҳо чун зиндагиро дар моддиёну суратҳои дунёии зиндагӣ шинохта ва пазируфтаанд ва аз илми осмонӣ ё ҳамон ваҳй бе насибанд назарияҳои худро дар чорчуби равобити ичтимоӣ бар асоси зиндагии дунявӣ ва ё ҳамон моддигароӣ табйин мекунанд. Дар ҳақиқат пешрафти моддӣ дар ҳамин дунё асли асосӣ дар тафаккуроти онҳо аст, ки дар натиҷа қавонину назарияҳоро заминӣ ва ба истилоҳ якҷониба тарроҳӣ мекунанд.

Ҳамин амр сабаб мешавад, ки қишри зиёде аз ҷомиа дар тули таърихи инсонҳо ва ба хусус ин аср дар фақру ноҳанҷориҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ ба сар баранд ва гуруҳи зиёдеро бе сабаб ва фақат ба хотири тааллуқоти дунёии гуруҳе хос ба қатлу зулму ноҳаққӣ гирифтор мегарданд.

Аммо дини Ислом, чун саодати дунёиро муқаддима ва замина барои саодати узмо дар қиёмат медонад қавонину назарияҳоеро матраҳу ироа намуда аст ва пайравони худро иршоду амру наҳй дар чорчубаҳое карда аст, ки метавонад саодати худро ба осонӣ ва бе он, ки зулму ҳақхурие нисбати дигарон анҷом шавад, ҳосил намояд. Чунон, ки мефармояд: Дунё мазраае аст барои охират.

Дини Ислом бо ин дид, ки дунё ҳадафи ниҳоии хилқат набуда ва нест, балки гузаргоҳу мазраае аст то башарият битавонад барои рушду саодати ду сарои худ талош кунад ва дар ҳақиқат хариду захири туша барои зиндагии абадии худаш намояд, поя ва асоси шариатро фаротар аз моддигароӣ ва тааққулоти моддӣ ва ноқиси иснонӣ бино гузошта аст, ки албатта ҳар ақли солиме онро пазируфта ва мепазирад.

Иҷтимоъ ва зиндагии иҷтимоиро метавон яке аз асоситарин мавзуот ва аносире донист, ки Ислом тақрибан ҳамаи фаромину иршодоти худро бар он поя ниҳода ва ё дар ҳамон росто матраҳ намуда аст. Дар ҳақиқат Худои мутаол аз Одам(а) ва Ҳаво(р) то ба расули Хотам(с) шариати худро барои иршоду идора ва ҳифзи иззату иффат ва фитрати ҳаққаи инсонӣ ирсол намуда ва ҳамаи Анбиё ва Авлиёро бар идораи ҷомеа маъмур намуда аст.

Иҷтимоъ ё зиндагии ҷамъӣ ҳамчун унсури аслии як хонавода, шаҳр ва кишвар ва ҳатто ҷаҳон дар иршодоту фаромини илоҳӣ вуҷуд дошта ва дорад ва онро аз заруриёти зиндагии башарият медонад. Рушди ҳар инсоне дар ҷомиа аст, ки уро каромату мақом мебахшад ва назди Худои мутаол дорои дароҷоте мегардад, ки амр бар ҳамсоядорӣ ва хайру некӣ ба фақирону ятимон, ҳамсафарону ҳамзамонони худ дар ҳамин росто дар Ислом таъкид шуда аст.

Баъзе аз иршодоти иҷтимоӣ дар Ислом

Шариати Муҳаммадӣ(с) ҳамчун хотамият дар динҳои осмонӣ, барои идора ва ҳифзи ҷомиаи инсонӣ наҳю амр ва иршодоте дорад, аз ҷумла ҳифзи ҳаққи дигарон, адолату қазовати дуруст, силаи раҳму хешованддорӣ, издивоҷу фарзанддорӣ, ҳамсоя ва ҳамнавъӣ ва..., ки дар инҷо маворидеро бо таносуби баҳс ва хулоса зикр менамоем.

Бошад, ки бо диққат ба онҳо аз ин омузаҳои илоҳӣ ба хайру саодати худ ва дар соҳаҳои моддӣ ва маънавӣ ва рушди ҷомиаи худ ва ҷаҳонӣ баҳраҳо барем!.

Ҳусни зан: Дар фарҳангу бовари ҳар мусалмон боварӣ ба дигарон як асл аст ва дар бархурду рафторҳои иҷтимоии худ аслро бар бегуноҳии дигарон қарор медиҳанд. Дар додгоҳу суд ва довариҳо аслро бар ростии суханон мегузоранд ва ҳатто мутаҳҳамро бар муддаӣ ҳаққе аст, ки агар иддаои худро натавонад собит кунад қозии ислом онро ба ҷурми туҳмату нобоварӣ ва бе эҳтиромӣ ба дигарон муҷозот мекунад.

Бар ҳамин асос инсонҳое, ки дар фарҳангу бовари динӣ зиста ва рушд намудаанд ҳарчанд худ огоҳ набошанд ин сифати некро доранд ва дигаронро бар хайру некӣ мешиносанд магар хилофи онро собит кунанд.

Иззату Раҳмат: муъмину мусалмоне, ки ҳақиқати исломро дарёфт намуда аст, ҳеҷвақт ва ҳуҷгуна зуру зулмро бар худаш ва дигарон таҳаммул намекунад ва агар ҷое шоҳиди зулму бе ҳурматӣ бошад сукутро бар асоси виҷдону имонаш ва амри динаш ҷоиз намедонад ва бо иззати нафсе, ки дорад дар баробари он меистад. Ҳақро ҷонибдорӣ намуда нотавононро бар дигарон тарҷеҳ медиҳад ва раҳму шафқатро дар бораи фақирону заифон ва ятимону мазлумон асоси бовари худ қарор медиҳад.

Ҳифзи амнияту идораи ҷомеа ва рушду пешрафти моддӣ ва маънавии он, чи дар хонавода бошад ва ё дар шаҳру деҳу кишвар ва ё ҳатто дар тамомии ҷаҳон аз назари инчунин инсонҳо вобаста ба риояти адолат ва иззати нафси инсонҳо дар ҷараёни иртиботу идораи ҷомеа аст. Дар нигоҳи инчунинӣ, ки аз омузаҳои ноби Ислом аст, ҳеҷгуруҳу шахс ва ё қавму кишваре ҳаққи бартарӣ бар дигарон надошта ва надорад ва агар каромате ҳаст назди Худои мутаол аст ва касе онро мояи бартарӣ ва ё ҳақталабӣ ба нафъи худ наметавонад қарор диҳад.

Шоир ва орифи исломӣ, Саъдӣ Шерозӣ дар баёни худ навъи иртиботу ҳамроҳӣ дар як ҷомеаи инсониро бо илҳом аз оёти Қуръон ва аҳодиси Набавӣ(с) чунин иро намуда аст.

Бани одам аъзои якдигаранд

Ки дар офаринаш зи як гавхаранд

Чу узви ба дард оварад рузгор

Дигар узвхоре намонад карор

Ту к-аз мехнати дигарон бе гаме

Нишояд, ки номат нахнад одаме.

Саъдӣ

 

Ин чунин ҷомеае, ки зулму бе адолатӣ ва ҳақхурӣ ва зургуӣ ба худ ва ҳамнавонашонро наметавонанд таҳаммул кунанд ва дар баробари он бо фикур қудрат ва рафтору ҳимматашон посух медиҳанд, мешавад мисдоқи инсонияте, ки Худояш дар посух бар Малакаш онро халифаи худ дар руйи замин таъриф кард.

Оқибат барои ҷомиаи парҳезгору бо иззати исломӣхоҳд буд

Поянда ва сарфароз бошед

Нашр дар фаслномаи ОИНА

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст