Бо ҳасодати кӯдакамон чӣ кор кунем?
Муддате аст, ки хеле лоғару асабӣ шуда аст. Пештар аз ин корҳо намекард, аммо ҳоло ангуштҳояшро мемакад, нохунҳояшро меҷавад ва шабҳо дар хоб дандон қуруч-қуруч мекунад. Ба маҳзе, ки аз ӯ ғофил мешавем, бародари майдаашро гирён мекунад. Ҷуръат надорам бачаро пеши ӯ бигузорам, чун метарсам ба ӯ осебе бизанад. Худаш ҳам рӯз ба рӯз об мешавад. Хеле лоғар шуда аст, намедонам чӣ кор кунам?
Оё кӯдаки шумо ҳасуд аст?
Оё ҳасодати ӯ табиӣ аст?
Чаро ва ба чи чизҳое ҳасодат мекунад?
Осебҳои ҳасодат кардан барои кӯдакам чист?
Чи тавр метавонам ҳасодати ӯро аз байн бибарам?
Ончи бояд бидонем
“Ҳасодат” як вокуниш аст. Кӯдак дар баробари дарёфтҳои худ аз муҳит ва атрофиён, рафторҳоеро ошкор мекунад, ки нишондиҳандаи аҳволи дарунии ӯст. Баъзе аз ин рафторҳо то бузургсолӣ низ боқӣ мемонад. “Қаҳр кардан” яке аз ҳамин рафторҳои кӯдакона аст, ки то бузургсолӣ идома меёбад. “Ҳасодат” посухи табии кӯдак аст, ки ба муҳаррикҳои хоссе дода мешавад. Бештарин замоне, ки ӯ эҳсос мекунад чизи арзишманд ва муҳимме мисли отифаи падару модар ва муҳаббати атрофиёнро нисбат ба худ аз даст дода аст гумон мекунад, ки дар мавқеияти хатар қарор гирифта аст. Бинобар ин дучори тарс мешавад ва табиӣ аст, ки барои ҳифзи мавқеияти худ ба рафторҳое даст бизанад.
Бояд донист, ки кӯдакон ба хусус дар синини поин огоҳи комиле аз эҳсости дарунии худ надоранд. Бинобар ин намефаҳманд, ки дучори ҳасодат шудаанд. Онҳо аз илали бурузи эҳсосоти даруниашон низ беиттилоанд ва намедонанд чаро рафторашон тағйир карда аст. Бо гузашти замон ва касби таҷрибаҳои бештар нисбат ба ин умур огоҳии бештаре ба даст меоваранд.
Яке аз мусоидтарин заминаҳои рушди ҳасодат, рақобату чашму ҳамчашми миёни фарзандон аст. Бад нест бидонед:
Аввалин фарзанд нисбат ба кӯдакони баъдӣ ҳасодати бештаре аз худ нишон медиҳад.
Ҳасодат дар миёни кӯдаконе, ки тавофути синни онҳо байни 18 то 42 моҳ аст бештар дида мешавад.
Дар хонаводаҳое, ки 2 ва 3 фарзанд доранд ҳасодати бештаре нисбат ба хонаводаҳои пурҷамъият ба чашм мехӯрад.
Ҳасодат дар миёни фарзандоне, ки падару модарашон шадидан нигарон ва мувозиби онҳо ҳастанд бештар вуҷуд дорад то кӯдаконе, ки волидайнашон таваҷҷӯҳи камтаре ба онҳо нишон медиҳанд.
Духтарон бештар аз писарон ва бачаҳои боҳуш беш аз дигар бачаҳо ҳасодат мекунанд.
Ҳасодат дар равобити байни духтар бештар аз равобити байни ду писар ва миёни писару духтар вуҷуд дорад.
Бархурдҳои табъизомези падару модар яке аз асоситарин авомили эҷоди ҳасодат аст. Аз дигар авомил низ метавон ба таваллуди кӯдаки дувум, муқоисаи миёни фарзандон ё миёни фарзандони худ ва фарзандони дигарон, тафовути синни миёни фарзандони як хонавода, носозгории волидайн ва эҳсоси маҳрумият аз сӯи кӯдак ишора кард.
Ҳасодат шаклҳои мухталифе дорад аз ҷумла;
1.Ошкор ва бевосита
Бо рақиби худ душманӣ ва бадрафторӣ кунад. (Мумкин аст аз хонавода ё хориҷ аз он бошад.)
Дар шахси маҳбуби худ дурӣ кунад.
Аз ҷамъ канора бигирад ва вонамуд ба беэътиноӣ кунад.
Ба рақобатҳои халлоқ ва вижае, ки худ тарроҳӣ кардааст рӯй биёварад.
Бо хушунат рафтор кунад ва ба ҳамалоти бад даст бизанад.
2.Ғайри ошкор ва бовосита
Ба рафторҳои кӯдакона ва даврони ширхорагии худ бозгардад, масалан шуруъ ба макидани ангуштон кунад ва ё дучори шабидрорӣ шавад.
Бо нишон додани рафторҳои хоссе талош кунад то таваҷҷӯҳи дигарон ба вижа падару модарро ба худ ҷалб кунад, масалан вонамуд ба тарсидан аз торикӣ ё танҳоӣ ва ё ... кунад.
Чизҳое бихоҳад, ки пеш аз ин нахоста аст, масалан хурокҳои махсус ё васоили хоссеро талаб кунад.
Ба харобкорӣ ва шайтанат бипардозад ва носазо бигӯяд.
Вонамуд кунад, ки ниёзе ба таваҷҷӯҳи шумо ва дигар атрофиён надорад.
Ҳар кадом аз ин рафторҳо бозгӯкунандаи ниёзи кӯдак ба таваҷҷӯҳи шумост ва иқдоми олимона ва мудаббиронаи шуморо металабад то ӯ аз ин буҳрони эҳсосӣ ва отифӣ гузар кунад.
Решаҳои ҳасодат асосан дар кӯдакӣ ва ба далели рафторҳо ва вокунишҳои номуносиби бузургсолон шакл мегирад ва агар волидайни дилсӯзе набошем ва ба кӯдаки худ дар рафъи ин эҳсоси нохушоянд кӯмак накунем боис хоҳем шуд, ки ӯ солиёни тулонӣ аз ин мавзӯъ ранҷ бибарад.
Ончи набояд анҷом дод
Ба хотири фарзанди дувум аз кӯдаки аввал ғафлат накунед.
Кӯдакатонро бо фарзанди дигари худ ё кӯдаки дигаре муқоиса накунед.
Ҳаргиз ӯро ба хотири ошкор шудани ҳасодат, сарзаниш ё танбеҳ накунед ва монеи ошкор шудани ҳасодаташ нашавед.
Рафторҳои мусбаташро нодида нагиред.
Дар сурате, ки ӯ ба навзод ҳасодат мекунад диққат кунед, ки вуҷуди ин хоҳар ё бародари майдаро далели бетаваҷҷӯҳӣ ба ӯ муаррифӣ накунед, масалан нагӯед: “Азизам! Медонӣ, ки хоҳари майдаат ниёз ба муроқибат дорад. Лутфан худат либосҳояро бипуш. Ман бояд либосҳои ӯро иваз кунам.” Ин кор ба ҳасодати ӯ доман мезанад.
Ҳангоме, ки миёни ӯ ва хоҳар ё бародари майдааш низоъе рух медиҳад фарзанди бузургтарро бозҷӯӣ накунед.
То метваонед дар даъвои онҳо дахолат накунед ва ба дифоъ аз яке аз онҳо напардозед.
Дастур надиҳед, ки касеро дӯст дошта бошад ё ба касе муҳаббат кунад.
Агар худатон дучори ҳасодат бошед ногузир улгуи фарзандатон хоҳед буд. Бинобар ин дар ҳузури кӯдак аз бадгӯӣ ва ибрози ҳасодат нисбат ба дигарон худдорӣ кунед.
Таҳияи Шаҳриёр
Таҳияи Шаҳриёр