Эҳсон меҳвари равобити хонавода ва ҷомеа
Асоси равобити иҷтимоъ дар миёни ҳамаи инсонҳо адолат аст, ки ақли мустақил низ онро дарк карда ва бар он ҳукм мекунад. Аз инҷост, ки боядҳо ва набоядҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ пайдо мешавад. Албатта дар миёни уммати Ислом, ки як хонаводаи бузург аст, равобит дар як марҳила ва мартаба аз қонуну ақл фаротар таъриф ва таъйин мешавад, ба ин маъно, ки асоси хонаводаи исломӣ бар поёҳои эҳсон ва гузашт ниҳода шудааст. Барои ин ки ин маъно ба дурустӣ табйин ва равшан гарадад, нигоҳе ба усули қуръонӣ дар миёни фарзанд ва волидайн ва низ ҳамсарон хоҳем дошт, то дониста шавад, ки ҷомеъаи имонӣ ва хонаводаи бузурги исломӣ, чигӯна бояд робитҳоро танзим кунем. Худованд дар оёти Қуръон, аз ҷумла ояти 32-уми сураи Исроъ, мадор ва меҳвари равобити фарзанд ва волидайнро эҳсон қарор дода ва онро ҳукме доимӣ ва қатъӣ медонад, ки қобили тағйир ва табдил ва истисно нест, ба ин маъно, ки наметавон замон ва ё иллатеро ёфт, ки сабаб шавад ҳукми эҳсон ба волидайн тағир ёфта ва табдил ба амри дигаре шавад ва ё истисно шавад. Эҳсон ба маънои некӯкорӣ, танҳо моддиётро дар бар намегирад, балки умури отифӣ ва маънавиро низ дар бар мегирад. Бинобар ин, наметавон танҳо бо инфоқи молӣ ва додани пул ва ғазо ва либос муддаӣ шуд, ки эҳсон кардаем, зеро эҳсон ба маънои некукорӣ аст, ки отифа ва эҳсон дар он нақши асосиро дорад ва фақат бо додани пул ва таъмини таому либос эҳсони ҳақиқӣ анҷом намегирад. Фарзанд дар хонаводаи имонӣ бояд дар канори таъому хурокии падару модараш, бо рафтору кирдораш, ки бар эҳсон поягузорӣ шуда бошад вазифаи худро дар баробари онҳо анҷом диҳад ва ин аз тарафи волидайн бар фарзанд ҳам ҷорӣ бояд. Дар эҳсон ба волидайн, фарқе миёни фоҷир ва кофир ва муъмину мусалмон нест, балки унвони падар ва модар худ сабаби фарз шудани ин ҳукм мешавад ва албатта чӣ онҳо зинда бошанд ва ё мурда ин вазифа идома дорад. Эҳсон ба волидайн аз усули тавҳид аст, аз ин рӯ дар чаҳор ояте, ки дар мавриди падар ва модар нозил шуда аст, эҳсон дар канори амри ибодати Худои якто баён гаштааст. Албатта инсонҳои ҷомеаи исломӣ чӣ назди волидайн ва чӣ дар баробари дигар аъзои он ҷомеа ҳам, бояд бар ҳамин асос амал ва рафтор кунанд, чун онҳо ҳам бо ҳамдигар ё бародари имонӣ ва ё хоҳару пдар ва модари эмонӣ ҳастанд, пас ин навъ робита бар онҳо ҳам фарз хоҳад буд. Ҳарчанд бо далелу оятҳои дигар метавон инро собит кард, ки инсошонҳои ин ҷомеа дар баробари ҳамдигар вазифаҳои хосси худро доранд, аммо аз ин фармони илоҳӣ ҳам баъзе аз вазифаҳоро метавон ба даст овард. Ин масъала дар бораи бузургони ҷомеаи исломӣ ва пирону солхурдагон, ба унвони волидайни уммати исломӣ, бояд бештар бошад, ки ҳам аз назари таҷриба ва доноӣ мумкин аст болотар бошанд ва ҳам аз назари мақому эҳтиром роҳгушо барои дигарон хоҳанд буд. Дар оёти дигаре аз Қуръон робитаи ҳамсаронро ҳам бар ҳамин асос таъриф мекунад ва зану шавҳарро барои зиндагии беҳтар роҳнамоӣ ба рафтор дар чорчубаи эҳсон даъват менамояд. Дар ҳақиқат маваддату дуст доштанро барои онҳо роҳкори гузар аз мушкилот ва сахтиҳо ва ҳамчунин рафтор бар пояи эҳсону худгузариро дар қазоватҳо пешниҳод мекунад. Яъне ҷое хостем талаби ҳақ кунем, агар бар асоси дустдоштану эҳсон рафтор кунем, ин яъне болотар аз адолату қонунҳои иддӣ. Инҷост ки зарурати рафтори дустона ва маваддату эҳсон худро нишон медиҳад ва мушкилкушои сахтиҳои нохоста мегардад. Аз назари Қуръон, равобити ҳамсарон ҳамонанди равобит миёни руҳи якто бо ҷисми дугона аст, лизо дар Қуръон ихтилоф миёни ҳамсарон ба шиқоқ таъбир шуда аст. Шақ ба маънои ҷудоӣ ва дар замоне гуфта мешавад, ки як ҷисм ба ду тика тақсим шавад. Муъҷизаи шақ-ул-қамар, ки аз эъҷозҳои Паёмбар(с) буд ва моҳ ба ду ним тақсим гардид ва ҳамчунин дар арабӣ бародарони хунӣ, дугоникро шақиқ мехонанд. Зану шавҳар ҳам ду шақиқи як зиндагӣ ҳисоб мегарданд. Инки дар Қуръон аз ихтилофи ҳамсарон ба шиқоқ таъбир шудааст, аз ин рӯст, ки аз назари Қуръон ҳамсарон дар ҳақиқат якто ва ягонае ҳастанд, ки ҷудоӣ миёни онҳо дар ҳукми шиқоқ аст. Худованд дар ояти 53-юми сураи Нисо аз муъминон мехоҳад, ки иҷоза надиҳанд шиқоқе миёни ҳамсарон дар хонавода эҷод шавад, вақте эҳсос шуд ин ҳодиса пеш меояд, бояд гуруҳе пешқадам шаванд ва роҳ барои оштӣ эҷод кунанд ва иҷоза надиҳанд, то ин тарси шиқоқ ба шиқоқи воқеӣ мунҷар шавад, зеро дар ин сурат ҳарду тикка аз ҷисм ва ҷон осеб мебинанд. Ҷомеаи имонӣ низ ингуна аст, зеро пас аз иттиҳод ва сипас ваҳдате, ки аз тариқи тавҳиди илоҳӣ дар маҷмуаи инсонҳои мутааллиҳ ва худоӣ эҷод мешавад, ҳаргуна ҷудоӣ миёни муъминон ба маънои шиқоқ аст, ки осори он дар ҳамаи аҷзои ҷомеа ва афроди он боқӣ хоҳад монд, афроди ҷомеа бояд якдигарро бо некукории отифӣ ва равонӣ ва моддӣ ва маънавӣ гиромӣ доранд ва камоли эҳсонро дар ҳаққи ҳамдигар тамом намоянд, тавре рафтор кунанд, ки ҳамаи афроди ҷомеа аз ҳамдигар хушнуд шаванд, зеро хушнудии Худованд дар хушнудии муъминон таҷаллӣ меёбад. Пас ҳаргиз иҷоза надиҳад то ғаму андуҳе дар дили муъмине қарор гирад ва дилгиру андуҳгин шавад, бинобар ин муъминон дар ҷомеаи имонӣ, вақте ба якдигар мерасанд, бояд аз дидори ҳам хушнуд ва хушҳол шаванд ва заминаи суруру хушнудии якдигарро эҷод кунанд ва рафторашон бар асоси маъруф ва писандидаҳои ақлонӣ ва шаръӣ бошад(Сураи аҳзоб ояти 15. Сураи Нисо ояти 91) Агар ҷомеаи имонӣ ингуна шакл гирад, равобити он ҳамонанди хонаводаи хурд, аз ҳамсарон ва фарзандон бар бунёни эҳсон ва маваддат ва муҳаббат шакл мегирад ва ба ҷойи он ки равобит бар мадори адолат ва ҳуқуқ танзим гардад, бар меҳвари эҳсон ва муҳаббат сомон меёбад ва инсонҳо нафақат аз ҳуқуқи худ мегузаранд, балки ба ийсор ва худгузарӣ рӯй оварда ва ба ҷойи ақл ба ҳукми дил амал мекунанд ва дар ҳаққи якдигар ҷонфишонӣ мекунанд, бе онки камтарин эҳсоси хусрон ва зиён бикунанд аз ҳаққу ҳуқуқи худ мегузаранд. Аммо агар асли ҳоким дар равобити иҷтимоӣ дар хонаводаи хурду бузург, хона ва ҷомеа ақлу адл бошад, онгоҳ инсонҳо ба ҷойи инсиҷом ва ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ, танҳо ба ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ меандешанд ва суду зиёни худро милок қарор медиҳанд ва агар корҳо ва рафторҳои худро бо муҳосиба бисанҷанд ва сабуку сангин кунанд, танҳо суд ва зиёни худро мебинанд ва бар асоси он меандешанд ва амал мекунанд, ки дар ин сурат дигар ҷомеа бар асоси эҳсон нахоҳад буд ва шароит барои зистан сахт мешавад, зеро дар ҷомеае, ки ҳар як аз афрод, танҳо ба таклифи худ басанда кунад ва ҳуқуқи худро биталабад ва аз эҳсон ва гузашт ва авотифи инсонӣ ва исломӣ хабаре набошад, наметавон ӯмеди шодобӣ ва оромиши воқеиро дошт, балки ҳамеша бояд дар кашу қавси талабу қарзҳои худу дигарон аз дигарон бошанд ва чашм ба дару деворҳои худу дигарон биандозанд то касе ҳаққашро нахураду набарад. Худованд дар ояи 103-юми сураи Аъроф, ҷомеаи имониро бар пояи таълифи қулуб ва унс ва улфат байни дилҳои муъминон қарор медиҳад, то ин гуна таъкид шавад, ки он чӣ равобити ҷомеаи имониро таҳким мебахшад, қавонин ва адолат ва аҳкоми ақлонӣ нест, балки фаротар аз онҳо эҳсон ва некукорӣ аст, ки миёни афроди ҷомеа дар навъи бародари имонӣ ва динӣ худнамоӣ мекунад. Ҷомеаи имонӣ бар асоси умуре чун эътисом ва ваҳдат (Олиимрон, ояти 103), ислоҳ ва оштӣ (Ҳуҷурот, оёти 1 в 9), иртибот (анфол ояти 11 ва олиимрон ояти 200), таовун ва ҳамкорӣ (Моида ояти 2), сулҳу силм (Бақара, ояти 224), таълифи дилҳо (Анфол ояти 36) ухувват ва бародарӣ, (Анбиё, ояти 29 ва Муъминун, ояти 25), ва маваддат (Аҳзоб, ояти 5 ва Ҳуҷурот, ояти 74) шакл гирифта аст. Дар ҳақиқат, тавсия ва таъкиди дини Ислом, дар канори ҳазорон қонуну қоидаи зиндагӣ ва судӣ ва қазоие, ки дорад бар ин аст, ки ҷомеаро чӣ дар хонавода байни зану шавҳар ва фарзандону волидайн ва ҳатто дар берун аз хона дар миёни дустону ҳамсоягон, ҳам маҳал ва ҳамшаҳрӣ ва ҳамватанҳо ва балкӣ ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳоро бар асоси эҳсон ва хайрхоҳӣ ва маваддату дустӣ ва ийсор қарор диҳем. Дар ин навъ аз робита болотар аз адолату қонунҳо аз гуноҳу бадиҳои ҳамдигар гузар мекунем ва агар ҳаққе аз мо рафта бошад бо эҳсон онро мебахшем ва тарафи мо ҳам бо ризоияташ онро дар ҳадди тавон ҷуброн мекунад. Агар аз якдигар сухани баде ба мо расид онро бар асоси ҳусни зан(хушбинӣ) фаромуш мекунем ва кина ва бадбиниро аз диламон дур мекунем. Чунон, ки диламон барои зану фарзанд ва бародари хуниамон месузад ва ба ёрии онҳо талош мекунем, барои дигарон ҳам ҳамин эҳсосро хоҳем дошт. Ин ҷомеа ҳамон ҷомеаи фозилае аст, ки ҳар инсоне дар орзӯи он аст ва мунтазиру муҳтоҷ ба ташкили инчунин ҷомеаи имонӣ. Оқибат барои муттақиён аст