Ба касе пӯшида нест, ки рӯза як дарси баробарӣ дар миёни афроди ҷомеа аст. Бо анҷоми ин дастури мазҳабӣ сарват-мандон ҳам вазъи гуруснагон ва маҳрумони ҷомеаро ҳис мекунанд ва ҳам бо сарфаҷӯӣ дар таъоми шабонарӯзии худ метавонанд ба онҳо кӯмак кунанд. Албатта мумкин аст бо баён кардани ҳоли дигарон (гуруснагон) ва маҳрумон серонро бо ҳоли гуруснагон ошно сохт, вале агар ин масъала ба шакли ҳиссӣ ва айнӣ анҷом шавад асари дигаре дорад. Рӯза ба ин мавзӯи муҳимми иҷтимоӣ ранги ҳиссӣ медиҳад, аз ин рӯ дар ҳадиси маъруфе аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст: «Рӯза ба ин далел воҷиб шудааст, ки миёни фақир ва ғанӣ баробарӣ барқарор гардад ва ин ба хотири он аст, ки ғанӣ таъми гуруснагиро бичашад ва нисбат ба фақир адои ҳақ кунад. Худо мехоҳад дар байни бандагони худ баробарӣ бошад ва таъми гуруснагӣ ва дурӣ ва ранҷро ба ағниё бичашонад то ба заифон ва гуруснагон раҳм кунанд.
Ростӣ агар кишварҳои сарватманди ҷаҳон чанд рӯзро дар сол рӯза бидоранд ва таъми гуруснагиро бичашанд боз ҳам ин ҳама гурусна дар ҷаҳон вуҷуд хоҳад дошт?
Ёдовар мешавем, ки рӯза дар Ислом мисли рӯзаҳои мустаҳаббӣ ва рӯзаи воҷиб дар моҳи мубораки Рамазон фоидаҳои зиёде дорад, ки аз ҷумла инсонро ба ёди Худо меандозад ва инсони ғанӣ ва фақирро баробар мекунад. Паёмбари Ислом(с) супоришҳои зиёде барои рӯза гирифтан кардааст аз ҷумла ин ки фармуданд: Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон бо нияти холис рӯза бигирад Худованд тамоми гуноҳони ӯро мебахшад.
Аз ин болотар таъсирҳои зиёде дорад, аз ҷумла сари тарбиятӣ,иҷтимоӣ, беҳдоштӣ ва ғайра.