Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз) аввалин ва маҳбубтарину вафодортарин ҳамсари Расули Худо (с) бо вуҷуди зебоӣ, сармоя, тавони молӣ ва ҷойгоҳи баланди иҷтимоӣ ҳеқ гоҳ таҳти таъсири зоҳири фиребандаи дунё ва ҷомеаи олуда ва ҷоҳилии он рӯз қарор нагирифт ва аз фазилатҳо ва сифатҳои боли инсонӣ дур нашуд.
Ин зани шоиста ҳангоми фиристодани корвони тиҷорӣ ба шаҳрҳо ва минтақаҳои дурдаст ба тавофи хонаи Каъба мерафт ва аз Худои Иброҳим (а) баракат дар сармоя ва тиҷораташро дархост мекард. (Нисои алҳлилбайт фи завъилқуръони вассуннати, саҳ. 15)
Дари хонаи ҳазрати Хадиҷа (рз) ҳамеша ба рӯи ниёзмандон боз буд ва касеро аз бахшиши худ маҳрум намекард. (Аъломуннисо, ҷ.1, саҳ 326)
Ба хотири ин камолот сарони қабилаҳо ва шахсиятҳои шинохташудаи он замон мисли Ақаба ибни Муъит, Салт ибни Абииҳоб, Абӯҷаҳл ва Абӯсуфён борҳо аз ӯ хостгорӣ карданд, вале ҳеҷ кадомро ҳамшаъни худ намедонист ва ба онҳо ҷавоби рад медод. (Биҳор, ч.16, саҳ.22)
Ӯ дар замони ҷоҳилият ва бутпарастӣ, ки саросари ҷазиратуларабро фаро гирифта буд аз корҳои маънавӣ ва риояти масъалаҳои инсонӣ-ахлоқӣ ғофил набуд.
Ишон дар байни ҷомеаи ҷоҳилияти он рӯз ба унвони зани покдоман, хайрхоҳ ва бошахсият шинохта мешуд ба ҳадде ки ба ӯ лақаби "Тоҳира" дода буданд. و کانت تدعی فی الجاهلیة بالطاهرة لشدة عفافها و صیانتا (Сияри аъломиннубало, ҷ.2, саҳ.111; Ниҳоятулирб, ҷ.18, саҳ. 171)
Ҳамчунин ба ӯ дар он замон лақаби "سیدة قریش" яъне "сарвари занони Қурайш" дода буданд, ки нишондиҳандаи ҷойгоҳи волои иҷтимоии ҳазрати Хадиҷа (рз) аст. (Таърихулхамис, ҷ.1, саҳ 265; Алмавоҳибулладуния, Қасталонӣ, ҷ.1, саҳ.99)
Ҳазрати Хадиҷа ба китобҳои осмонӣ эътиқод дошт ва Худои ягонаро мепарастид. (Биҳор, ҷ.16, саҳ. 21 ва 79) Таълимоти мазҳабиро аз писари амакаш Варақа ибни Навфал, ки яке аз чор обиди замони худ ва огоҳ ба китобҳои муқаддас ва масеҳӣ буд фаро мегирифт.
Дар хонааш маҷлисҳои мазҳабӣ баргузор мекард ва бархе донишмандони аҳли китобро даъват карда бо дигар занон ба суханон ва насиҳатҳои онон гӯш медод.
Ӯ тавонист сифатҳои паёмбари охируззамонро бишиносад ва яқин дошт, ки ӯ ба зудӣ дар сарзамини Ҳиҷоз ошкор мешавад. (Истиъоб, ҷ.4, саҳ. 1817)
Инҳо намунаҳое аз шахсияти волои он бонуи намун аст.
Салому раҳмат ва ризвони Худои меҳрубон нисори рӯҳи ҳазрати Хадиҷаи Кубро бод!