Рӯзҳои охири моҳи Шаъбон буд, ки ҳазрати Расули Худо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҷамъи мардум ва асҳоб, аҳамият ва азамати моҳи мубораки Рамазонро таъкид намуд. Ӯ баракоти ин моҳи бузург ва вазоифи мусулмонон дар ин рӯзҳо ва шабҳоро баён фармуд.
Ин фармоишҳо, ки «Хутбаи Шаъбония» ном гирифтааст, бисёр муҳим ва пурмуҳтавост ва донистан ва амал кардан ба он дар ҳадди тавон, барои ҳар мусулмоне лозим ва шоиста аст.
Ин хутба аз Амирулмӯъминин, Алӣ ибни Абитолиб(а) ривоят шудааст.
Рӯзе Расули Худо (с) барои мо суханронӣ карданд ва фармуданд:
Эй мардум, огоҳ бошед, ки моҳи бобаракату раҳмат ва мағфирати Худо ба шумо рӯй овардааст. Моҳе, ки назди Худо беҳтарин ва волотарини моҳҳост, рӯзҳо ва шабҳояш бофазилаттарин ва соатҳои он бартарин соатҳо аст.
Шумо дар ин моҳ ба меҳмонии Худованд даъват шудаед ва мавриди каромат ва инояти ӯ қарор гирифтаед. Нафасҳои шумо дар ин моҳ арзишу савоби тасбеҳ дорад ва хобатон низ ибодат аст. Амалатон дар ин моҳ қабул аст ва дархосту дуоятон пазируфта мешавад.
Пас бо ниятҳои ростин ва дилҳои пок аз Парвардигоратон бихоҳед, ки шуморо ба рӯзадорӣ ва тиловати китобаш Қуръон муваффақ гардонад.
Ба ростӣ бадбахт касе аст, ки дар ин моҳи бузург аз омурзишу бахшиши Илоҳӣ маҳрум ва бенасиб монад.
Идома дорад