Ҳазрати Хадиҷа (с) духтари Хувайлид ибни Асад аст. Ин бонуи бузургвор дар чилсолагӣ бо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ки бисту панҷ сол дошт издивоҷ кард. Ин пайванди муборак 25 сол тул кашид ва ҳосили он духтарону писарон буд, аз ҷумла ҳазрати Фотимаи Заҳро(с), ки идомаи насли Расули Худо (с) аз ӯст ва ҳам сарвари занони дунё ва охират ва сарвари занони биҳишт аст.
Модари меҳрубони мӯъминон ҳазрати Хадиҷаи Кубро дар рӯзи даҳуми моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат ва андаке пас аз вафоти ҳазрати Абӯтолиб баъд аз таҳаммули се сол муҳосираи золимона ва ҷинояткоронаи мушрикони Қурайш даргузашт. Аз даст додани ин ду ҳимояткунанд ва ҳамроҳи вафодор ва фидокор бар Расули Худо (с) чунон сангин буд, ки он солро соли ҳузну андӯҳ номиданд. Пайғамбари Акрам (с) худаш ӯро дар қабр гузошт ва дар «Ҳаҷун»- Макка ба хок супорид.
Расули Худо (с) то охири умр аз фидокорӣ ва имону ихлоси ҳазрати Хадиҷа (с) ёд мекард ва бозмондагон ва вобастагони ӯро гиромӣ медошт. Паёмбари Акрам (с) дар посух ба яке аз ҳамсарони худ фармуд: Худованд ҳеқ гоҳ ба ман беҳтар аз Хадиҷа надодааст, чунки ӯ замоне ба ман имон овард ва ҳамроҳу ёвар шуд, ки дигарон кофир шуданд ва мухолифат карданд ва ...
Ҳазрати Хадиҷаи Кубро (с) фазилатҳои зиёде дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мешавад.
Баъзе аз фазилатҳои уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (Саломи Худо бар ӯ бод):
1. Аввалин, беҳтарин ва дӯстдоштатарин ҳамсари Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)
2. Пешқадамӣ дар имон овардан ба Расули Худо (с) ва пазириши Ислом
3. Аввалин зани мусулмон будан
4. Аввалин барподорандаи намози ҷамоат
5. Бештарин ва беҳтарин зиндагӣ бо Расули Худо(с) (25 сол)
6. Бахшидани моли фаровон боихлос дар роҳи Худо ва кӯмак ба Расули Худо (а)
7. Ҳимоят ва ҳамроҳии Расули Худо (с) дар сахттарин рӯзгор
8. Яке аз чор беҳтарин занони биҳиштӣ (Хадиҷа, Фотима, Осия ва Марям)
9. Модари фарзандони Расули Худо (с) махсусан ҳазрати Фотимаи Заҳро –сарвари занони дунё ва охират ва занони биҳишт- (Саломи Худо бар он ду бод), ки насли Паёмбари Аъзам (с) аз ӯст. (Иброҳим фарзанди ҳазрати Мория (рз) аст.)
10. Овардаи ҳазрати Ҷабраил (а) саломи Худоро ба ӯ ва муждаи хонаи биҳиштӣ додан барояш
11. Андӯҳи шадиди Паёмбари Акрам (с) аз вафоти мазлумонааш. (Соли даҳуми беъсат ҳазрати Абӯтолиб амӯи фидокор (ҳомии иҷтимоӣ) ва ҳазрати Хадиҷа ҳамсари вафодору фидокор (ҳомии иқтисодӣ) –и Расули Худо (с) баъд аз солҳо дифоъ аз Паёмбари Акрам (с) махсусан сабру таҳаммули сахтиҳои тоқатфарсои се сол муҳосираи иқтисодии мушрикони ҷинояткори Қурайш аз дунё рафтанд. Ин солро Расули Худо (с) соли ҳузну андӯҳ номид.
12. Ёдоварӣ ва зикри хайр ва эҳтироми Расули Худо (с) аз ҳазрати Хадиҷа (с) ва бастагони ӯ то охири умр.
Салому дуруди Худои меҳрубон доимо бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари бовафои фидокораш ва модари меҳрубони мӯъминон ҳазрати Хадиҷаи Кубро ва хонадони поки Расули Худо бод!
Худоё, моро қадрдони неъматҳоят ва пайрави ҳақ ва аҳли саодат бигардон!