Сабр дар сахтиҳо яке аз нишонаҳои оқил аст. Оқил ҳеҷ гоҳ дар сахтиҳо ва мушкилот бетобӣ ва эҳсоси ноумедӣ намекунад, балки бо оромиш ва усутворӣ ба дунболи роҳи ҳалли муносиб мегардад. Имом Алӣ (к) мефармояд: ثَمَرَة العَقلِ الإستِقامَةُ Самара ва меваи ақл пойдорӣ аст. (Ғурарулҳикам, саҳ.53)
Пас дар зиндагӣ мушкилот ва сахтиҳо вуҷуд доранд ва хеле вақтҳо ғайри пешбинӣ ҳастанд, вале инсони оқил на танҳо дар муқобили онҳо таслим ва ноумед намешавад, балки бо истифода аз ин неъмати Худо ва таваккул ба Худои тавонои доно ба дунболи роҳи ҳалли муносиб ва мудирияти сахтиҳо меравад ва боварӣ дорад, ки ҳамон гуна ки хушиҳо гузаштанд ин вазъият ҳам мегузарад.