Тандурустии Расули Худо (с)
Пайғамбари Ислом (с) ба пешгирӣ аз беморӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт, пеш аз ҳар вузӯ мисвок мекард, дар ҳолати ташнагӣ ва ҷароҳат бардоштан оби бадбӯ истеъмол намекард. Ба оростагии либос ва мӯи сар аҳамият медод. Ҳар вақт аз хона мебаромад, мӯи сари худро шона мекард ва мефармуд: «Худованд бандаеро, ки худро ороста бикунад, дӯст медорад».
Расули Худо (с) аз хушбӯӣ то ҷое зиёд истифода мекард, ки омаданашро бӯи хуши Ӯ хабар медод. Он ҳазрат (с) мефармояд: «Либосҳои худро пок ва мӯйҳоятонро кӯтоҳ кунед ва мисвок намоед ва ороста ва покиза бошед».
Оростагӣ ва покии РасулиХудо (с)
Назофат ва бӯи хушро дӯст медошт, ҳам худаш риоя ва ҳам ба дигарон тавсия мекард. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид менамуд, ки сару тан ва хонаи хешро покиза ва хушбӯ нигаҳ доранд ва ғусл кунанд ва худро муаттар созанд, ба вижа дар рӯзҳои ҷумъа, ки бӯи бад аз онҳо сабаби озори дигарон нашавад.
Ба оина ва об менигарист ва мӯйҳояшро шона мекард. Барои ҳамсаронаш ва барои дӯстонаш низ худро меорост. Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Дидам дар пиёлаи обе, ки дар хона буд, худро менигарад ва мӯйҳояшро мураттаб мекунад ва мехоҳад назди дӯстонаш биравад”.
Ба Ӯ гуфтам: “Падару модарам фидоят! Ту Паёбар ва беҳтарин офаридаҳо ҳастӣ, ба об менигарӣ ва худро меороӣ?” Фармуд: “Худованд дӯст медорад, бандае вақте ба назди дӯстонаш меравад, худро биорояд”.
Вақте ҳайате бар ӯ ворид мешуданд, ҳам худ зеботарин либосашро мепӯшид ва ҳам меҳтарони асҳобашро ба ин кор дастур медод.
Одоби дохил шудан дар хонаи дигарон
Пайғамбари Ислом (с) ҳеҷ гоҳ бе иҷозат дохили хонаи касе намешуд. Ҳатто агар хонаи духтараш ҳазрати Фотимаи Заҳро мерафт, дасти худро рӯи дар мегузошт ва каме дарро ба ақиб мебурд ва мефармуд: “Ассалому алайкум”. Ҳазрати Фотима ҷавоби саломро медод, баъд он ҳазрат (с) мефармуд: “Иҷозат дорам дохил бишавам?!” Ҳазрати Фотима (р) мегуфт: «Дохил шавед падарҷон!» Ва он ҳазрат (с) ба хона медаромад.
Расули Худо (с) вақте ба дари хонаи касе мерафт, рӯ ба рӯи дар намеистод, балки дар тарафи рост ё чапи дар қарор мегирифт ва мефармуд: «Ассалому алайкум». Ва ба ин васила иҷозати дохил шудан мегирифт. Рӯзе яке аз ёрон ба дари хонаи он ҳазрат (с) омад ва дар ҳоле ки рӯ ба рӯи дар истода буд, иҷозати дохил шудан гирифт. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: «Вақти иҷозат гирифтан рӯ ба рӯи дар қарор нагир».
Муоширати нек бо мардум
Дар муошират бо мардум, меҳрубон ва кушодарӯ буд. Ба ҳар касе рӯ ба рӯ мешуд, салом мекард. Дар салом кардан, аз ҳама, ҳатто аз кӯдакон ва ғуломон пеш салом медод. Пои худро дар назди ҳеҷ кас дароз намекард ва дар ҳузури касе такя намезад. Ғолибан дузону менишаст ва дар маҷлисҳо доиравор менишаст, то маҷлис, боло ва поине надошта бошад ва ҳама ҷойгоҳи баробар дошта бошанд.
Мутавозеъ буд ва дар маҷлис, дар ҳар маконе, ки ҷой бошад, менишаст ва ҷои хоссе барои худ ихтисос намедод ва дигаронро ҳам аз ин кор наҳй мекард Аз асҳобаш аҳволпурсӣ мекард ва агар дар давоми се рӯз яке аз асҳобро намедид, суроғашро мегирифт, агар мариз бошад, ӯро аёдат мекард ва агар гирифторӣ дошта бошад, кӯмакаш менамуд.
Дар маҷолис, танҳо ба як фард нигоҳ намекард ва як фардро мухотаб қарор намедод, балки нигоҳҳои худро миёни ҷамъ тақсим мекард. Аз ин ки бинишинад ва дигарон хидмат кунанд, нафрат дошт, аз ҷо бармехост ва дар корҳо ширкат меварзид. Вақте касе назди Ӯ менишаст ва бо Ӯ кор дошт, намозашро зудтар тамом мекард ва ба кори он шахс мепардохт.
Вақте бо дӯстонаш бархӯрд мекард, дастонашро мегирифт ва мефушурд ва мефармуд: “Се чизанд, ки дӯстии одамӣ бо бародари мусалмонашро соф месозад: 1)Ҳангоми дидор бо чеҳраи кушода бо дӯстонаш рӯ ба рӯ шавад. 2) Замони нишастан дар маҷлис, барояш ҷо боз кунад. 3) Ӯро бо маҳбубтарин номаш садо кунад”.
Бахшиши Расули Худо (с)
Расули Худо (с) аҳли интиқом гирифтан набуд ва дар бахшандагӣ камназир буд, пайваста бахшиш ва гузашт мекард, чунончи шаш ҳазор асири ҷанги Ҳунайнро бахшид. Бар ҷафо ва тундхӯии дигарон сабур ва ҳалим буд.
Дар фатҳи Макка, рӯзе дар ҳоли тавофи хонаи Каъба Фазола ибни Умайр мехост он ҳазратро бикушад. Чун Расули Худо (с) ӯро дид, фармуд: «Ту Фазола ҳастӣ?» Гуфт: «Бале». Фармуд: «Худ ба худ чӣ фикр мекунӣ?» Ҷавоб дод: «Зикри Худо мекунам». Он ҳазрат хандид ва ба ӯ фармуд: «Аз Худо талаби мағфират бикун». Сипас дасти муборакашро болои қалбаш гузошт, то ором шуд. Баъдҳо Фазола мегуфт: «Ба Худо қасам, ҳанӯз дасти муборакашро набардошта буд, ки эҳсос кардам маҳбубтарин халқи Худо дар назди ман аст».
Ҳамчунин Молик ибни Авфи Насрӣ сарлашкари мушрикон дар ҷанги Ҳунайн пас аз он ки Расули Худо (с) ӯро бахшид, чунин гуфт: «Миёни мардум монанди Муҳаммад (с)-ро надида ва нашунидаам, агар аз Ӯ ато ва бахшиш бихоҳанд, аз ҳама бахшандатар ва вафодортар аст».
Силаи раҳм
Расули Худо (с) дар силаи раҳм ва рафту омад бо хешовандон бисёр самимӣ буд ва ба ҳамаи мусалмонон низ тавсия мекард, ки ин мавзӯъро ҷиддӣ бигиранд. Рӯзе дар ҷамъи асҳоб фармуд: «Оё дӯст медоред, шуморо ба беҳтарин ахлоқ дар дунё ва охират роҳнамоӣ кунам?» Асҳоб муштоқона гуфтанд: «Бале, ё Расулаллоҳ!» Он ҳазрат фармуд: «Бо касе, ки бо шумо рафтуомадро қатъ кардааст, рафтуомад бикунед. Бо касе, ки шуморо маҳрум кардааст, меҳрубон бошед ва ба онҳо муҳаббат бикунед. Ҳар кас дӯст дорад, ки умраш дароз шавад ва рӯзияш афзун гардад, аз Худо битарсад ва бо хешовандонаш рафтуомад бикунад».
Вақте ки Пайғамбари Худо (с) ба мо дастур медиҳад, ҳатто бо хешовандоне, ки бо мо рафтуомад надоранд, иртибот барқарор бикунед, то дар ин дунё ва қиёмат беҳтарин ахлоқро дошта бошем. Як нафар пеши Расули Худо (с) омад ва гуфт: «Эй Расули Худо (с) яке аз хешовандонам бо ман рафтори хуб надорад ва ҳамеша азиятам медиҳад. Аммо ман дар баробари азиятҳои ӯ ҳеҷ некӣ ва хубиро аз вай дареғ намедорам ва акнун фикр мекунам, ки хубиҳои ман дар ҳаққи ӯ асар надорад. Худам ҳам аз ин вазъият хаста шудаам, аз Шумо мехоҳам иҷозат бидиҳед, ман бо ӯ дигар рафтуомад накунам!». Расули Худо (с) фармуд: «Ҳеҷ вақт ин корро накун, чунки агар рафтуомадро қатъ бикунӣ, ҳарду аз раҳмати Худованд дур мешавед ва Худованд аз ҳар ду нафари шумо рӯй мегардонад».
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ривоят шудааст: «Расули Худо (с) бахшандатарин мардум буд ва дар моҳи мубораки рамазон бахшандагиаш бештар мешуд». Аз он ҳазрат (с) ривоят шудааст: «Шахси саховатманд наздик ба Худо, наздик ба мардум, наздик ба биҳишт ва дур аз оташи дӯзах аст».
Расули Худо (с) дар зиндагӣ чунон бар худ сахт мегирифт, ки шабҳо гурусна мехобид, хонаводааш ҳам таом надоштанд ва нони ҷав мехӯрданд. Дар зиндагии худ чизе надошт ва бисёр кам харҷ мекард ва болишти он ҳазрат чарми аз лифи хурмо пуршуда буд. Дар вақти вафот аз моли дунё танҳо ҳафт динор дошт ва дастур дод, ки ҳазрати Оиша (р) онҳоро ба ҳазрати Алӣ (р) бидиҳад, то байни ятимон тақсим бикунад. Ӯ паёмовари раҳмат буд, кина ва душманиро бо меҳру муҳаббат ҷавоб медод. Ҳамчунон ки Худованд мефармояд: «Боли худро барои мӯъминоне, ки аз Ту пайравӣ мекунанд, бигустарон».
Боз Худованд дар бораи он ҳазрат (с) мефармояд: «Ба яқин, расуле аз худи шумо ба сӯятон шумо омад, ки ранҷҳои шумо ба ӯ сахт аст ва исрор барои ҳидояти шумо дорад ва нисбат ба мӯъминон меҳрубон аст».
Ваҳдат ва ҳамбастагии уммати исломӣ
Расули Худо (с) дар сояи ҳукумати исломии худ ваҳдат ва ҳамбастагиро дар Ҳиҷоз ба вуҷуд овард ва як умматро ташкил дод. Низоми қабилавиро зери назари таълими исломӣ қарор дод ва ҷангҳои қабилавиро аз байн бурд. Қабиламадорӣ ҷои худро ба динмадорӣ ва парҳезкорӣ дод. Қабилаҳои пароканда таҳти фармон ва зери назари як раҳбар қарор гирифтанд.
Бар асари таълими Расули Худо (с) арзишҳо ва пайвандҳои хонаводагӣ ва эҳтиром ба падару модар ва ҳамсар устувор гардид. Дар баробари низоми қабилавӣ ва расму русуми он замон, ки душманӣ ва хунхоҳӣ буд, бар асоси имон як уммат ташкил дод.