Одам агар паёмбар ҳам бошад аз забони мардум осуда ва дар амон нест, зеро агар
бисёр кор кунад, мегӯянд аҳмақ ва дунёдаркаш аст!
кам кор кунад, мегӯянд танбал аст!
бахшиш ва саховат кунад, мегӯянд зиёдарав ва шуҳратталаб аст!
молро ҷамъ кунад, мегӯянд бахил аст!
хомӯш бошад мегӯянд лол аст!
суханронӣ кунад мегӯянд пургӯ аст!
рӯз рӯза бигирад ва шабҳо намоз бихонад мегӯянд риёкор аст!
рӯза нагирад ва намоз нахонад мегӯянд кофир ва бедин аст!
Аз ин рӯ набояд бар мадҳу сано суханони беасоси мардум диққат кард ва ҷуз аз Худованд набояд аз касе тарсид. Пас он бошед, ки дӯст ва тавон ва вазифа доред. Албатта ба суханони дигарон хуб гӯш кунед ва камбудиҳо ва суханони норавои онҳоро фаромӯш кунед.
Ба додаҳои Худо шукр кунед ва аз зиндагӣ розӣ бошед ва лаззат бибаред ва дунболи розӣ кардани Худо бошед муҳим нест, ки дигарон чигуна қазоват мекунанд. Бояд ёдамон бошад, ки дар бораи дигарон ҳам диққат кунем то худамон хатои дигаронро такрор накунем!
Мо чигуна ҳастем?
- بازدید: 1760