Аҳамияти Истиқлолият
Яке аз неъматҳое,ки Худованд насиби на ҳар миллате мекунад, истиқлолият мебошад. Дар сурати мустақил будан, як миллат ҳастии худро ошкор мекунад ва аз дигар миллатҳо фарқ мегузорад. Истиқлолияти давлатӣ асоситарин навъи истиқлоли як миллат мебошад. Дар тули тарих миллатҳои зиёде буданд ва ҳастанд,ки агарчи захираҳои зиёди фикрӣ доштаанд вале ба хотири надоштани истиқлоли давлатӣ ба фано рафтаанд. Бинобарин истиқлолияти давлатӣ зомини дигар навъҳои истиқлолият мебошад. Яьне Истиқлоли фарҳангӣ,иқтисодӣ ва... бо доштани истиқлоли давлатӣ ҳосил мегардад. Ба иборати дигар миллате,ки давлати хосси худро надошта бошад дар ҳамаи арсаҳои зиндагии шаҳрвандони он миллат, дигарон тасмим мегиранд ва ба мурури замон дар миллати тасмимгир маҳв мешавад. Бар ин асос ҳифзи истиқлоли давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар миллат дар пешгоҳи тарих ва наслҳои ояндааст. Камтарин хато ё ғафлати шаҳрвандони як миллат метавонад он миллатро нобуд созад. Бар ин асос ҳифзи истиқлолият ва ҳувият аз арзиши болои бархурдор аст.
Тоҷикистони азиз баъди солҳо ҳузури бегонагон ва тасмимгирии онҳо, тавонист истиқлолияти худро ба даст оварад. Ин неъмати бебаҳо сабаби дубора ном баровардани миллати тоҷик дар назди ҷаҳониён гашт. Акнун тоҷикистон улгуе барои бақияи миллатҳо таҳти салтаи истеъмор гашт. Озодӣ дар сатҳи ҷаҳон яьне истиқлолияти миллатҳо дар таъин сарнавишти худ. Бо ин ҳисоб Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ дар баробари дигар кишварҳои ихтиёри тасмимгирӣ ва озодии андеша ва раҳоӣ аз қайду банди хориҷиҳоро фароҳам кард,то Тоҷикон битавонанд монанди давлатдории Сомониён саҳми арзандаи худро дар пешрафти тамаддуни башарӣ бигузоранд. Бешак бо нигоҳи ба тарих ва саҳми арзандаи тоҷикон дар рушд ва нумуи илму маърифат метавон ба ин натиҷа расид,ки истиқлолият фурсати дубораи эҳёи гузаштаро фароҳам намудааст ва ин падидаи муборак метавонад ояндаи шукуфоеро барои кишварамон, минтақа ва ҳатто ҷаҳон рақам бизанад. Бар ин асос ҳифзи истиқлол ва истифода аз ин фурсат барои ҳар як шаҳрванди миллатдуст қарз ва воҷиб мебошад.
Бори дигар ин санаи фархундаро бар ҳамаи ҳамдиёронамон табрик мегуем.