Писаре пушти мизи кориаш нишаста буд. Падараш омад ва аз пушт ду дасташро рӯи шонаҳои писараш гузошту пурсид: Писарам, қудратмандтарини рӯи замин кист?
Писараш гуфт: Ман.
Падар нороҳат шуду дубора пурсид: Писарам, қудратмандтарини рӯи замин кист?
Писараш гуфт: Ман.
Падар гуфт: Бори севум мепурсам: Писарам, қудратмандтарини рӯи замин кист?
Писараш гуфт: Ман.
Падар мехост писараш бигӯяд, ки шумо қудратмандтарин фард ҳастед. Бо нороҳатӣ аз назди писар самти дар рафт ва пеш аз ин ки аз ҳуҷра барояд бори дигар пурсид: Писарам, қудратмандтарини рӯи замин кист?
Писар гуфт: Шумо
Падар гуфт: Чаро се бор худатро гуфтӣ?
Писар гуфт: Чун шумо болои сари ман будед. Касе, ки падар болои сар дорад қудратмандтарин кас аст, чун такягоҳе аз Худои меҳрубон ба номи падар дорад.
Аз Худо бихоҳем, ки тавфиқ диҳад дар зиндагӣ қадри падару модари худро бидонем ва барояшон хидмат кунем. Накунад, ки дар зиндагӣ озорашон диҳем ва баъд аз мурдан ашкҳои тимсоҳ ҳам фоида надорад ва бештари фурсати ҷубронро аз даст додаем.
Одам агар садсола шавад ҳам, вақте падар дошта бошад пушти сари худ куҳе аз ҳимоятро эҳсос мекунад.
Падари инсон ҳатто беҳӯш бошад ва қалбаш битапад ҳарчанд рӯи ҷогаҳ беҳаракат бошад боз ҳам бошад ба инсон оромиш медиҳад.
Худоё, падарону модарони даргузаштаро раҳмату мағфират кун ва зиндаҳояшонро саломату саодат насиб кун ва ба мо фарзандон тавфиқи эҳсон ба онҳо ва фарзанди солеҳ будан бидеҳ!
Такягоҳи худододӣ
- بازدید: 1663