مسئولیت مرد و زن مؤمن
Модаре, ки худ шарму ҳаё надорад ва миқдору арзиши пӯшишро намедонад ва ба амри Худои меҳрубон гӯш ва диққат намекунад ҳеҷ гоҳ наметавонад духтари бо шарму ҳаё ва адаби имонӣ ва инсонӣ тарбият кунад.
Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Дар издивоҷ суроғи занҳои диндор равед.
Бино бар ин ҷавонони азизе, ки мехоҳед зан гиред агар мехоҳед дар оянда хонаводаи мустаҳкам ва хушбахт ва фарзандони боадабу покдоман дошта бошед ва агар мехоҳед ҳамсаратон ба шумо вафодор ва ҳофизи обрӯятон бошад ва духтарони бо ҳаёву покдоман дошта бошед суроғи духтарони бо шарму ҳаё ва покдоману диндор равед.
Духтароне, ки сатри аврат ва пӯшиши комил надоранд ва ба амри Худо бепарвоӣ кардаанд дар риояти масоили нозуки ҷинсӣ ва шавҳардорӣ ва модарӣ ҳам кӯтоҳӣ мекунанд ва боиси сардӣ ва нокомии зиндагӣ мешаванд.
Ҳар зан лаёқати ҳамсар ва модари шоиста шуданро надорад.
Пӯшондани бадани зан фарз ва ҳукму фармони қатъии Худо аст.
Ҳеҷ зани мӯъмине ҳақ надорад бигӯяд, ки ман пӯшиши комил намекунам, чун ба зебоӣ ва андому хостаи ман муносиб нест.
Набояд аз амал ба фарзи Худо сар боз зад. Оқибати ин кор ногувор аст.
Худои Мутаол дар Қуръони Карим амр мекунад, ки бояд занони мӯъмин рӯймоле ба сар кунанд, ки мӯю гардан ва синаи онҳоро бипӯшонанд. Аҳзоб, 59
Падарону модарони азиз, шумо вазифа доред, ки бо хондан ва фаҳмидани Қуръони Карим, ки имрӯз алҳамду лиллоҳ ба хатти кирилӣ ҳам тарҷума шудааст худ ва фарзандонатонро бо аҳком ошно кунед ва барои амал ба он талош намоед.
Касоне, ки аз иҷро накардани амри ҳокимон метарсанд аз иҷро накардани амр ва ҷазои Худо наметарсанд?
Фардо дар рӯзи ҳисобу китоб дар пешгоҳи Худо чӣ ҷавоб доред?
Худои Мутаол ба хотири як зани гунаҳкор чор мард –падар, бародар, шавҳар ва фарзандаш-ро ҷазо медиҳад.
Пас шумо мардон барои гуноҳи занону духтарон ва хоҳарону модарони худ масъулият доред ва бояд ба он амал кунед.
Имрӯз мутаассифона занони мусулмон бо сари бараҳна, остини кӯтоҳ ва гардану сина ва пеши бар намоён дар ҷомеа ҳозир мешаванд ва фазои гуноҳ ба вуҷуд меоранд.
Инҳо зебоӣ ва ҷаззобиятҳое ҳастанд, ки Худо барои зан офаридааст то ӯ гули хушбӯи хона барои шавҳар ва тарбияти фарзанд бошад.
Ороиш ва нозу карашмаи зан барои шавҳараш ҳалол аст ва бв он таъкид шудааст, вале барои номаҳрам ҳаром аст.
Ғайрат ва шарафи мардии шумо мусулмонон куҷо шудааст?
Магар аз азоби Худо ва васвасаи шайтон наметарсед?
Ҳамаи шумо масъулият доред.
Марги инсон дар камини ӯст ва қиёмат дур нест.
Вой ба ҳоли мардону занони мусулмоне, ки ба вазифаашон амал накарданд.
Ба Худо паноҳ барем ва аз ӯ кӯмак ва тавиқ бихоҳем. Ӯ бисёр меҳрубон аст.