Пӯшиши зан илова бар ин ки баданро комил бипӯшонад бояд кушод бошад ва танг набошад, то пастиву баромадагӣ ва зебоиҳову ҷаззобиятҳои бадани зан ошкор нагардад. Дар ин сурат диққати мардонро ба худ ҷалб намекунад ва ба мардони бемордил ва шаҳватпараст ва дуздони номуси дигарон баҳона намедиҳад ва рӯҳу фикри мардони покдоманро олуда намесозад ва амният барои худи зан дорад. Худованд ба зан ҷисми латиф ва неруи ҷозибаи муносибе додааст, то дили шавҳари худро бирабояд ва ӯро ба зиндагӣ, вафодорӣ ва кору талош даромад кардан дилгарм ва ташвиқ намояд. Зан отифа ва меҳру сабри фаровон дорад то бо ҳамли 9 моҳ фарзанд дар шикам ва мунтазири ба дунё овардан ва сипас бузург кардани ӯ насли инсонро давом диҳад ва фарзанд аз ӯ меҳру муҳаббат ва сабру истиқомат биёмӯзад. Пас занро Худо сутуни оромишу дилгармӣ ва ташвиқи кору талош ва идомаи насли инсон гардондааст, ки бояд ҳама қадри ин неъмати арзишманди Худоро бидонанд ва худи зан ҳам бояд ба ин арзиши волои худ эҳтиром намояд ва дуруст аз он истифода кунад то Худо ба зиндагияш баракат, иззат ва саодат насиб кунад. Касоне, ки занонро ба бараҳнагӣ даъват мекунанд душманони номуси инсониятанд ва аз шайтони лаини раҷим пайравӣ мекунанд. Ин гуна инсоннамоҳо дуздони иззат ва шарофати занон ҳастанд ва мехоҳанд бе пазириши масъулият ва аз роҳи ҳаром ва арзон ба комёбӣ бирасанд. Бонувони азиз Худо шуморо гиромӣ дошта пас худатон ҳам аз Худо бихоҳед, ки ба шумо тавфиқи муҳтарам мондан диҳад. Ислом ҳамаи роҳҳои солим мондан ва дурӣ кардан аз хатарҳоро баён кардааст пас биёмӯзем ва амал кунем. Бовар кунем, ки Худои холиқи меҳрубон моро хеле дӯст дорад ва барои мо барномаи саодат фиристодааст. Аз бадии шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ бояд ба Худо паноҳ бибарем.
Бонуи муҳтарам!
- بازدید: 1578