علاج واقعه پیش از وقوع باید کرد
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард! Сарватманде аз ҳуҷрааш ба берун нигоҳ карду мардеро дид, ки аз зарфи пасмондаҳо дунболи чизе мегардад, бо худ гуфт: Худоро шукр, ки фақир нестам. Марди фақир атрофашро нигоҳ карду девонаеро бо рафторҳои аҷиб дар кӯча дид, бо худ гуфт: Худоро шукр, ки девона нестам. Девона дар кӯча мошини ёрии таъҷилиеро дид, ки бемореро мебурд, бо худ гуфт: Худоро шукр, ки бемор нестам. Бемор дар беморхона ҷасадеро дид, ки ба сардхона мебаранд, бо худ гуфт: Худоро шукр, ки зиндаам. Фақат фурсати мурда тамом шудааст. Чаро имрӯз, ки фурсат, қудрат ва ихтиёр дорем аз Худо шукр накунем ва онро ба фардои номаълум ҳавола диҳем? Барои фаҳми дурусти арзиши лаҳзаҳои зиндагӣ бояд ба чанд макон биравем: беморхона, девонахона, маҳбасхона ва қабристон-охирин хона. Дар бемористон ба қадри неъмати саломатӣ, дар девонахона ба қадри неъмати ақл, дар зиндон ба қадри неъмати озодӣ ва дар қабристон ба қадри неъмати ҳаёт ва фурсат ва саранҷоми дунё мерасем. Замине, ки имрӯз рӯи он по мегузорем, фардо сақфи мо хоҳад шуд. Пас биёед дар баробари Худо фурутан ва ва аз неъматҳояш сипосгузор бошем!