یادآوری برای روزه دارن
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сипос ва ситоиш сазовори Худо аст, ки мураббии тамоми оламиён аст ва дуруду саломи ӯ бар анбиё ва махсусан охирини онҳо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва бар хонадони поку мутаҳҳараш ва асҳоби мухлису муҷоҳидаш ва касоне, ки то қиёмат ба некӣ аз ишон пайравӣ мекунанд.
Салом бародарон ва хоҳарони мӯъмин ва мусулмони рӯзадор
Худоро сипос мегӯем, ки дар моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули Қуръон ва зиёфати Худои Раҳмон бародарон ва хоҳарони мӯъмин ва мусулмони мо тавфиқ доранд яке аз рукнҳои дини Ислом –рӯза- ро амал кунанд, вале бояд ба чанд осебе, ки мумкин аст рӯзадоронро таҳдид кунад ишора мекунем, то бо кӯмаки Худо аз ин осебҳо дар амон монем ва аз ин фурсати арзишманд бештарин ва беҳтарин баҳраро бибарем.
Мутаассифона
1.  бархе аз рӯзадорон дар ин лаҳзаҳои нуронӣ ба ҷои намоз ва Қуръон хондан, дуо, зикр ва муноҷот кардан вақти худро ба дидани филм ва сериялҳои ғайри ахлоқӣ ва вақткӯш ва бозиҳои компютерӣ мегузаронанд.
2. баъзе ҳам шаб то саҳар ё аз субҳ то шаб дар фазои интернет ба дидани сурат, филм ва саҳнаҳое машғул мешаванд, ки Худо аз он розӣ нест ва мо аз дидани он дар ҳузури кӯдаке хиҷолат мекашем, аммо ёдамон рафтааст, ки “Худо мебинад”. Сураи Алақ, ояти 5 (саҳ. 597)
3. иддае ҳам дар ин рӯзу шаб аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ва иртиботӣ мисли “ватсап”, “войбер” ё скайп ва ... бо занону духтарони номаҳрам робитаи номашрӯъ ва нораво барқарор мекунанд ва чунон суханони фаҳш ва қабеҳ ва сурату филм доду гирифт мекунанд, ки гӯё мусулмон ва мӯъмин нестанд ва барои амалҳояшон ҳеҷ ҳисобу китобе нест, дар ҳоле ки “ҳар кас ба андозаи заррае амали хуб ё бад карда бошад онро мебинад.” Сураи Зилзол, ояти 7-8 (саҳ. 599)
Ин ҷавонон ҳамин амали нораворо барои духтарон, ҳамсарон, модарон ва хоҳарони худ намеписанданд. Пас шумо ҳам бояд бо обрӯ, номус ва шахсияти занону духтарони дигар бозӣ накунед ва худро ба ҳаром ва азоби Илоҳӣ наяндозед. Имрӯз макун ранҷа ба дар кӯфтани кас. То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт. Аз мукофоти амал ғофил машав. Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав! 
4.  Бояд бидонем,ки рӯзе, ки чандон дур нест бояд дар пешгоҳ ва додгоҳи адли Илоҳӣ барои тамоми суханон ва амалҳоямон ҷавоб бидиҳем ва барои зарра-зарраи он масъул ҳастем. Дар он рӯз Худои Мутаол бар даҳонҳои гунаҳкорон муҳр мезанад ва дастҳояшон сухан мегӯянд ва пойҳояшон шаҳодат медиҳанд, ки дар дунё чӣ кор мекарданд. Сураи Ёсин ояти 65 (саҳ. 444)
5. Бародарону хоҳарони азиз, ҷавонони муҳтарам, биёед моҳи шарифи Рамазонро ғанимат бидонем ва фаромӯш накунем, ки бо гуноҳ ва амалҳои бад илова бар ин ки бори ҷазо ва ҷавоби худро сангин намудаем аз аҷру савоби рӯза ҳам маҳрум мешавем. Аз рӯза фақат гуруснагӣ ва ташнагӣ саҳми мо мешавад чун “Худои Мутаол рӯзаро воҷиб кард то мӯъминон ба тақво бирасанд” (сураи Бақара ояти 183/ саҳ. 28) ва худро аз азоб ва гирифториҳои қиёмат ҳифз кунанд, дар ҳоле ки ин корҳо зидди тақво ва андохтани худ ба қаъри ҷаҳаннам аст. Паёмбари Аъзам (с) мефармояд: Рӯзадорони зиёде ҳастанд, ки аз рӯза фақат гуруснагӣ (ва ташнагӣ) мекашанд ва аз ибодати шабона фақат шаббедорӣ ва бехобӣ насибашон мешавад. (Ҳокими Нишопурӣ)
6. Бародарону хоҳарони азиз, ҷавонони муҳтарам биёед ба фикр ва дилсӯзи худ бошем. Ҳайф нест, ки шумо дар ин рӯзҳои гарму дарози тобистон бо таҳаммули ранҷи гуруснагӣ ва ташнагӣ ва дурӣ аз шаҳват ба умеди анҷоми дастури Худо ва адои вазифаи имонӣ ва расидан ба сарои ҷовидонӣ ва баҳрамандӣ аз раҳмату мағфират ва неъматҳои раҳмонӣ рӯза мегиред бо амалҳои нораво онро табоҳ ва худро аз баракатҳои он дар зиндагии дунё ва сарои охират маҳрум созед.
7. Бидонед, ки рӯза барои чӣ воҷиб шуд ва Худо ва Паёмбари Аъзам (с) барои рӯзадор чӣ вазифаҳо ва аҷру савоби фаровон баён кардаанд. Саъй кунем ба ин вазифаҳо бо тавфиқи Илоҳӣ амал кунем ва аз савобу аҷру баракат ва раҳмату мағфирати Худои Субҳон баҳраманд шавем. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард. Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.
8. Ёдамон наравад, ки душманони қасамхӯрдаи имон ва ҳидояти мо аз шаётини инсонӣ ва ҷиннӣ ва нафси аммора ба бадӣ ва ҷозибаҳои зудгузару фиребандаи дунё дар камин ҳастанд ва аз ҳеҷ зараре кӯтоҳӣ намекунанд. Ба ҳӯш бошем, душман дар камин аст. Чу шайтон дар камини аҳли дин аст. Рӯза барои ин аст, ки мо хостаи имонӣ ва инсонии худро бо тавфиқи Худои Мутаол дар баробари хостаҳои ҳайвонӣ, паст ва зудгузари хӯрдан, нӯшидан ва шаҳватронӣ қавӣ кунем ва мо амири он бошем на асири он.Умедворем Худованд ҳамаи моро аз хатарҳое, ки ибодатҳои моро таҳдид мекунад нигаҳ дорад ва моро рӯзадори ҳақиқӣ бигардонад.
9. Муроди мо насиҳат буд гуфтем. Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.
Ва дуруду саломи Худо бар касоне, ки аз ҳақ ва ҳидоят пайравӣ кунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст