Имом Содиқ аз падараш ва ӯ аз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) ривоят кард, ки Паёмбари Аъзам(с) дар тавсияе ба эшон фармуд:
Эй Алӣ, ҳашт нафаранд, ки агар беэҳтиромӣ шаванд, бояд худро сарзаниш кунанд:
1 касе, ки нохонда ба меҳмонӣ равад
2 касе, ки ба соҳибхона фармон диҳад
3 касе, ки аз душманонаш хайр ва хубӣ бихоҳад
4 касе, ки аз инсонҳои паст, бахшиш бихоҳад
5касе, ки дар сӯҳбати хусусии ду нафар, ки ӯро роҳ надодаанд, дохил шавад
6 касе, ки султон [-и одил]-ро таҳқир ва хор кунад
7 касе, ки дар ҷамъе, ки шоистаи ӯ нест, нишинад
8 касе, ки ба касе сухан мегӯяд, ки аз ӯ намешунавад
Хисол, ҷ.2, саҳ.410
Худро сарзаниш кунед
- بازدید: 1508