Ҷомеае, ки аъзои он бо якдигар муттаҳид набошад ба роҳатӣ осеб ме‎пазирад,  аммо ин ҳамбастагӣ ва иттиҳод чигуна муяссар мешавад? Чигуна метавон афроди як ҷомеаро он қадар ба ҳам пайваста кард, ки дар баробари осебҳои эҳтимолӣ муқовим шаванд. Ин саволе аст, ки дар ин навиштор аз манзари Қуръони Карим баррасӣ мешавад.
Оштӣ байни мардум
Табиӣ аст, ки дар ҷомеа байни мардум ихтилофоте вуҷуд дорад, ки ин ихтилофот гоҳ хонаводагӣ ва иқтисодӣ ва гоҳ сиёсӣ ва ақидатӣ аст. Қуръони Карим ошкор таъкид дорад, ки барои эҷоди ҳамбастагии иҷтимоӣ байни мардум оштӣ барқарор кунем.
Дар ояти 10 сура Ҳуҷурот омадааст «Ҷуз ин нест, ки ҳамаи мӯъминон бо ҳам бародаранд. Бино бар ин дар ҳамаи низоъҳо ва ихтилофот миёни бародаронатон сулҳу ошти барқарор кунед ва аз Худо битарсед, то мавриди раҳмат қарор гиред.»
Ҳазрати имом Алӣ(к) дар васиятномаи худ оштӣ додан байни мардумро аз намозу рӯза (и мустаҳабии) як сол бартар донистаанд. Умед аст Худо ба ҳама мо дар ин замина эҳсоси масъулият ва тавфиқи амал диҳад.
Нармхӯӣ
Ахлоқи хуш ва нармхӯӣ сабаби ҷазби инсонҳо ба якдигар мешавад ва аз будан дар канори якдигар лаззат мебаранд. Ин масъала барои ҳама мардум хеле муҳим аст, аммо барои касоне, ки ҳидоят ва раҳбарии маҷмӯае аз мардумро бар ӯҳда доранд арзиши бештаре дорад.
Худои Мутаол дар бораи ахлоқи Паёмбари Аъзам(с) дар ояти 159 сураи Оли Имрон мефармояд: Ба лутфу раҳмати Худо барои онон нармхӯ шудӣ ва агар дурушт‏хӯи сахтдил будӣ бешак аз атрофи ту пароканда мешуданд.
Бисёре аз мо ин таҷрибаро дорем, ки муомилаи дӯстона ва бо муҳаббату отифа ва дарки шароит дигарон махсусан ҷавонон сабаб мешавад, ки онон аз якравиҳои хосси синнии худ ҷудо шуда ҳақро бипазиранд. Ин кор сабаби фароҳам шудани фазои муносиб барои баёни дидгоҳ ва фаҳми дуруст ва ҷамъ шудан дар масоили муштарак мешавад.
Нақди созанда
Чӣ касе ме‎тавонад бигӯяд, ки дар зиндагӣ хато ва иштибоҳ надоштааст? Чӣ касе метавонад худро бениёз аз нақди дигарон бидонад? Агар дар як ҷомеа вақте инсонҳо бо рафтори нодурусти дигарон рӯ ба рӯ мешаванд агар ӯро нақд кунанд ва ӯ низ онро бипазирад ҷомеа ба самти пешрафт ҳаракат хоҳад кард.
Қуръони Карим низ борҳо ва борҳо бар амр ба маъруф таъкид кардааст аз ҷумла дар сураи Тавба ояти 71 омадааст: Ва мардону занон боимон дӯстони якдигаранд, ки ба корҳои писандида амр мекунанд ва аз корҳои нописанд боз медоранд ва намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва аз Худо ва паёмбараш фармон ме‏баранд. Онон ҳастанд, ки Худо ба зудӣ машмули раҳматишон қарор медиҳад, ки Худо тавоно ва ҳаким аст» Ин дилсӯзӣ ва эҳсоси суду зарари муштарак ва ҳушдору ёдоварии роҳ аз бероҳа боиси ҷамъ шудани мардум ва боварӣ баёни онҳо мешавад.
Кӯмак ба ниёзмандон
Инсонҳо ба якдигар вобаста нахоҳанд шуд, магар он ки азхудгузаштагӣ ва фидокорӣ дар вуҷуди онон реша карда барои рафъи ниёзҳои ҳамдигар талош кунанд. Ҳамбастагии иҷтимоӣ замоне ба вуҷуд меояд, ки аъзои як ҷомеа худро аз як хонавода бидонанд ва ба ҳам некӣ ва эҳсон дошта бошанд.
Ин эҳсон ба якдигар ҳам аъзои як хонаводаро шомил мешавад ва ҳам касонеро, ки дар атрофи мо зиндагӣ мекунанд ва бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд. Оёт ва ривоёти зиёде ба ин масъала таъкид дорад. Дар сураи Нисо ояти 36 дар ин боар мехонем: Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва хешовандон ва ятимону мустамандон ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дӯр ва ҳамнишинону ҳамроҳон ва дарроҳмондагон ва бардагон некӣ кунед. Дар ҳақиқат Худо касеро, ки мутакаббир ва худсито аст дӯст надорад.»
Умедворем ҳамаи мо тавфиқи амал ба ин дастур ва эҷоди уммати муттаҳидро дошта бошем. Ин шоа Аллоҳ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст