Қуръони Карим ва суннату сираи Расули Худо(с) ва хонадон поку мутаҳҳараш метавонад манбаи тағзияи рӯҳӣ ва фикрии хонаводаҳо ва сармашқ барои дастёбӣ ба зиндагии саодатмандона, мӯъминона ва саршор аз оромиш бошад.
Восита шудан дар издивоҷ яке аз умуре аст, ки дар ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва супориш қарор гирифтааст ва метавонад ба густариши издивоҷи ҷавонон биянҷомад. Муаррифии духтарон ва писароне, ки дар остонаи издивоҷ ҳастанд ва шинохти хубе аз онон дорем ба дигар ҷавонони алоқаманд ба ташкили хонавода метавонад заминаи шаклгирии издивоҷи муваффақро муҳайё кунад. Ин дар ҳоле аст, ки зиндагии санъатии имрӯз ва коҳиши иртиботи хонаводаги сабаб шудааст, ки афрод иртиботи камтаре бо якдигар дошта дар баробари якдигар камтар эҳсоси масъулият кунанд ва дар паи ҳифзи чорчуби зиндагии фардии худ бошанд. Дар ин росто ба суннат ва сира муроҷиа кардем то улгӯе барои вазифаи худ бо ҷавононе, ки дар остона издивоҷ ҳастанд, дошта бошем.
Аҳамияти восита шудан дар издивоҷ ба ҳадде аст, ки Паёмбари Аъзам(с) мефармоянд: «Ҳар кас талош кунад то духтару писари боимоне бо ҳам издивоҷ кунанд, Худованд ҳазор ҳурия, ҳар ҳурия дар қасре аз дурру ёқут ба издивоҷи ӯ дароварад ва барои ҳар қадаме, ки дар ин роҳ бардошта ё ҳар сухане, ки барои ин пайванд ба забон оварда савоби як сол рӯза (и мустаҳаб) ва намози шабро подош медиҳад». Ҳамчунин Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: «Ҳар кас занеро ба издивоҷи бародари мӯъминаш дароварад то он зан мӯниси вай гардад ва сабаб шавад шавҳар неруманд ва тавоно гашта, оромиши хотир ва роҳатӣ ёбад, Худованд Ҳурулайнро ба ҳамсарии вай (восита дар издивоҷ) медарорад ва аҳли хона ва бародарони дини содиқашро, ки ӯро дӯст медоранд мӯниси ӯ қарор медиҳад ва ӯро низ аниси онон қарор медиҳад.
Имом Содиқ дар ин замина фармуд: «Ҳар, ки духтар ё писареро ҳамсар диҳад Худованд дар рӯзи қиёмат бо дидаи раҳмат ба ӯ менигарад».
Ҳамчунин Ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар яке аз гурӯҳҳое, ки дар рӯзи қиёмат, ки ҷуз сояи раҳмати Илоҳӣ сояи дигаре нест ва Худованд ононро дар сояи Арши хеш қарор медиҳад касоне баён мекунанд, ки барои издивоҷи мусулмоне восита шаванд.
Ин кори писандида яке аз амалҳои мондагор аст, ки савобу баракати он ҳамеша ба номаи амали инсон мерасад. Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи воситаи хайр шудан иноят намояд.