Роз агар пинҳон намонад роз нест. Бархе суханҳо, амалҳо, ҳақиқатҳо ва тасмимҳо роз аст, ки бояд пинҳон нигаҳ дошта шаванд. Розҳои худ ва дигаронро набояд фош кунем.
Гуфтаанд: Ҷавони табақи сарпӯшидае бар сар дошт ва хомӯш роҳ мерафт. Марде ӯро дар роҳ диду пурсид: Дар табақ чист?
Ҷавон ҷавоб надод. Он мард бо исрор хост бидонад, ки дар табақ чист.
Ҷавон гуфт: Эй мард, агар қарор буд ҳама бидонанд, ки дар табақ чист дигар рӯяшро намепушондам.
Розҳои дарунӣ ҳам ин гунаанд. Агар онро ба дигарон гуфтед дигар роз нест.
Роз монанди тир дар даруни камон, ки дар ихтиёри ту аст, вале вақте партоб шуд дигар барнамегардад ва дар ихтиёри ту нест. Даруни ту зиндон ва роз зиндонӣ ва асири ту аст. Вақте онро ошкор кардӣ аз зиндон гурехт ва аз ин ба баъд ту асири ӯ ҳастӣ. Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: “Сиррука асирука фаин афшайтаҳу сирта асираҳу.” Рози ту асири ту аст. Агар онро ошкор кардӣ ту асири он шудаӣ. (Ғурарлҳикам, ҷ.1, саҳ. 437)
Саъдӣ мегӯяд:
Хомушӣ беҳ, ки замири дили хеш Ба касе гӯиву гӯӣ, ки магӯ
Эй салим, об зи сарчашма бибанд Ки чу пур шуд натавон бастани ҷӯ (Гулистон, боби ҳаштум, одоби сӯҳбат)
Вақте худи мо наметавонем рози худро пинҳон нигаҳ дорем ва ба дигарон мегӯем чаро аз дигарон нороҳат мешавем. Беҳуда нагуфтанд, ки ҳар чӣ аз миёни ду лаб берун биёяд фош мешавад. Фош кардани роз нишонаи заъфи нафс ва иродаи суст аст ва роздорӣ нишонаи рӯҳи қавӣ ва каромати нафс аст. Агар мехоҳӣ розе пинҳон монад онро ба ҳеҷ кас магӯй чун дӯсти мухлиси ту дӯсти мухлис дорад. Имом Содиқ (рҳ) мефармояд: Дӯсти худро аз асрори худ ба андоза ва ҳадде огоҳ кун, ки агар онро ба душман бигӯӣ натавонад ба ту зиён расонад, чунки мумкин аст рӯзе душман ту гардад. (Мизонулҳикмат, ҷ.4, саҳ. 428)
Оё лозим аст дигарон бидонанд, ки қуфли дари хонаи шумо хароб аст? Шумо бемории хосс доред? Дар зиндагиатон чӣ мароҳилеро пушти сар гузоштед? Дар дохили хонаи шумо чӣ мегузарад?
Имом Содиқ (рҳ) мефармояд: Рози ту аз хуни ту аст. Пас набояд ҷуз дар рагҳои худат ҷорӣ бошад. (Биҳор, ҷ.72, саҳ. 71) Хун сабаби ҳаёт шумо аст. Аз рехтани он ҷилавгирӣ мекунед, чунки сабаби ҳалокат ва ё заъфи шумо мешавад.
Агар касе ба шумо эътимод кард ва розеро гуфт бояд онро пахш кунед?
Бояд бидонем амонатдорӣ фақат нигаҳдорӣ аз пулу моли дигарон нест, балки ҳифзи роз ва обрӯи дигарон муҳиммтар аст.
Оё лозим аст шумо аз розҳои дигарон огоҳ шавед? Оё дӯст доред дигарон аз розҳои шумо огоҳ шаванд? Оё вақте бохабар шуданд эҳсоси ноамнӣ намекунед? Оё боварӣ доред, ки онро ҳифз мекунед? Дигарон асрори шуморо читавр?
Фарде ба дигарӣ гуфт: Он кас дашном медиҳад.
Ҷавоб дод: Ба ман чӣ?
Гуфт: Ба ту дашном медиҳад.
Посух дод: Ба ту чӣ?
Оё ончӣ медонед ҳама ҳақиқат аст?
Марде вузӯ мегирифт. Дид, ки имом ҷамоат баъди баромадан аз халоҷо фақат дастонашро шуст ва рафту намоз хонд. Ба ӯ иқтидо карда буд, вале дилаш ором набуд. Баъд аз намоз саҳнаро барояш гуфт. Имом ҷамоат гуфт: Сӯзандору зада будам ва фақат ҷои онро шустам.
Бархе аз мушкилоти фардӣ ё хонаводагӣ ва ҷамъӣ ҳам роз ҳастанд ва набояд фош шаванд. Агар он касе, ки рози худро ба ӯ мегӯед дӯсти шумо бошад бо шунидани он нороҳат мешавад ва шояд ба далели ин ки коре аз дасташ намеояд хиҷолат бикашад. Ва вақте ҳамдигарро мебинед эҳсоси хубе надоред. Ва агар душман ва мухолифи шумо бошад онро нуқли маҳофил мекунад ва обрӯи шумо ба хатар меафтад ва шуморо таъна мезанад ва аз ин ҳоли шумо хушҳол аст ва шумо сарафканда.
Марде бо занаш ихтилоф дошт. Мардум мегуфтанд: Бигӯ чӣ мушкил дорӣ? Посух медод: Ҳақ надорам обрӯи худамро бибарам. Баъд аз муддате занашро талоқ дод.
Мардум гуфтанд: Ҳоло бигӯ. Гуфт: Ман ҳақ надорам, ки обрӯи дигаронро бибарам.
Ба фармудаи имом Ризо (рҳ) мӯъмини ростин бояд як хислат аз Худои худ дошта бошад ва он махфӣ нигаҳ доштани сирраш аст. (Мизонулҳикмат, ҷ.4, саҳ. 426) хоҳ ин сирри худат бошад ё сирри дигарон. Аз Худо биёмӯзем, ки аз ҳама чиз бохабар аст ва онро мепӯшонад ва обрӯи бандагонро намебарад. Саъдӣ мегӯяд: Худо мебинад ва мепӯшад ва ҳамсоя намебинад ва мехурӯшад. (Гулистон)
Гуфтани ҳар сухане дар ҳар ҷо Набувад шеваи мардони Худо
Ҳар сухан ҷову мақоме дорад Марди ҳақ ҳифзи каломе дорад
Ҳосили кор диҳад боди фано Гуфтани ҳар сухане дар ҳар ҷо
Пас бояд розҳои худ ва дигаронро ҳифз кунем ва дунболи огоҳ шудан аз ҷузъиёти зиндагии дигарон набошем ва агар огоҳ шудем ё худаш ба мо гуфт дар ҳифзи он бикушем. Бидонем, ки донистаҳои мо аз вазъи дигарон комил нест ва мо дар баробари ҳифзи он масъулем. Умедворем Худо ба мо тавфиқи роздорӣ иноят кунад. Абдусалом