Набояд худро нисбат ба дигарон бартар донист, шояд дигарон ба хотири тавба ва пушаймонӣ ва узрхоҳӣ, амалҳои солеҳе, ки мо хабар надорем назди Парвардигор аз мо беҳтару бартар бошанд. Албатта аз гуноҳ набояд розӣ шуд ва ё ба он ташвиқ кард, вале бояд бидонем, ки Худои раҳим дари тавба ва раҳмати худро ба рӯи ҳамаи бандагонаш кушодааст. Дар ривоят мехонем, ки касе дар дилаш заррае кибру худбартарбинӣ дошта бошад вориди биҳишт намешавад ва бӯи биҳиштро намефаҳмад. Ҳамчунин дар ривоят омадааст, ки кори баде, ки туро нороҳат мекунад беҳтар аст аз ибодате, ки туро мағрур мекунад.
Рӯзе ҳазрати Исо (а) аз саҳрое мегузашт. Дар роҳ ба ибодатгоҳе расид, ки обиде дар онҷо зиндагӣ мекард. Ҳазрати Исо(а) бо ӯ сухан гуфт.
Дар ин ҳангом ҷавоне, ки ба корҳои бад ва нораво машғул буд, аз онҷо гузашт. Вақте чашмаш ба ҳазрати Исо (а) ва марди обид афтод, пояш суст шуд ва аз рафтан бозмонд. Ҳамонҷо истод ва гуфт: Худоё ман аз кирдори зишти худ шармандаам. Акнун агар пайғамбарат маро бибинад ва сарзаниш кунад, чӣ кунам? Худоё узрамро бипазир ва обрӯямро мабар!
Марди обид то он ҷавонро дид сар ба осмон баланд карду гуфт: Худоё, маро дар қиёмат бо ин ҷавони гунаҳкор маҳшур накун!
Дар ин ҳангом Худованд ба пайғамбараш ваҳй кард, ки ба обид бигӯ: Мо дуоятро мустаҷоб кардем ва туро бо ин ҷавон маҳшур намекунем, чунки ӯ ба сабаби тавба ва пушаймонӣ биҳиштӣ аст ва ту ба хотири ғурур ва худбинӣ дӯзахӣ.
Бино бар ин на бар амалҳои худ мағрур шавем ва на ба хотири гуноҳон аз раҳмати Худо маъюс шавем.