Ҳамаи бародарон ва хоҳарони азиз бидонанд, ки Худои Мутаол ба фарзандони Одам(а) каромат ва ҳурмати махсусе ато карда, ки барояшон ихтиёр ва ҳаққи интихоб додааст. Агар аз ин неъмат, фурсат ва имконоте, ки Худо дар ихтиёри инсонҳо гузоштааст дуруст ва дар роҳи ризои Худо ва шукри неъматҳояш баҳра барад ба мақоми болотар аз фариштагон мерасад, вале агар ғайри ин шуд ва бо гуноҳу носипосӣ олуда шавад аз ҳайвону санг ҳам пасттар мегардад ва ба фармудаи Бедил “Чӣ ҳоҷат дар дили дӯзах нишастан аз ҳароратҳо” мерасад. Аз чизҳое, ки дар ихтиёр дорем ҳам метавон барои рушд ва суд баҳра бурд ва ҳам метавон барои афтодан дар пастӣ ва зарар, мисли ин ки дузд кордро дар шиками дигарӣ фуру мебарад то ӯро бикушад, вале пизишк корд фуру мебарад то инсонеро наҷот диҳад, бо равшан кардани донаи гугирд ва оташ метавон обро гарм кард ва таом пухт ва метавон хонаеро оташ зад. Ин мо ҳастем, ки бояд интихоб кунем ва бидонем, ки бояд оқибати онро бипазирем ва барои он посухгӯ бошем. Албатта барои муваффақ шудан ва интихоби дуруст ва баҳра бурдани муносиб аз ихтиёре, ки Худои меҳрубон ба мо лутф кардааст бояд бандаи ӯ бошем ва аз ӯ кӯмак бихоҳем, вагарна дар чанги нафси саркаш ва амркунандаи ба бадиҳо ва васвасаҳои доимии шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ асир мешавем ва худро аз хушбахтӣ маҳрум менамоем. Яке аз ин масъалаҳо обрӯи афрод ва дигарӣ шаҳват аст, ки имрӯз ба хотири осон шудани дастрасӣ ба абзоре, ки дар ихтиёри мо ҳаст дар бештари вақт хатари бузурге шудааст. Ҳамаи мо медонем, ки агар шино ва оббозӣ карда наметавонем, набояд вориди об, махсусан ҷое, ки обаш чуқур аст ё ҳавояш туфонӣ ва ноором аст шавем, чун хатари ғарқ шудан дорад ва масъалаи маргу зиндагӣ аст, вале мутаассифона дар уқёнуси фазои интернет, ки судҷӯёни зиёде бо сарфи маблағҳои калон ба дунболи мунҳариф ва гумроҳ кардан ва дур кардани инсонҳо аз Худо ва маънавият махсусан ҷавонон бо масъалаи шаҳват ҳастанд ворид ва ғарқ мешавем, бе он ки худ бифаҳмем. Чун инҷо масъалаи маргу зиндагии маънавӣ ва рӯҳонӣ аст. Вақте рӯҳи инсон бо гуноҳ ва палидӣ унс пайдо кард мемирад ва ҳақро намепазирад. Нисбат ба вазифа ва ҳадафе, ки бояд дунбол кунад то ба саодат бирасад беангеза мешавад ва онро фаромуш ва худро бадбахт мекунад. Худо ба мо тавфиқ диҳад ва ба фарёди мо бирасад. (Идома дорад.)