Қадами лозими аввал
Ошноӣ бо алфоз ва завоҳири Қуръон қадами аввал аст, аммо лозим аст. Агар донишпажуҳони динӣ ва қуръонӣ ин қадамро набардоранд, қадамҳои баъдӣ душвор ва гоҳе ҳам номумкин хоҳад шуд. Имрӯз мебинед, ки касоне дар гӯшаву канор дар бораи Ислом ҳарф мезананд ва чизҳоеро иддао мекунанд, ки ҳеҷ иртиботе бо Ислом надорад. Чаро? Чун онҳо бо маорифи мутуни Қуръон ва суннат ошно нестанд. Инсон бояд бо матни Қуръон ва суннат ошно шавад то битавонад маорифи диниро бифаҳмад. Хусусан агар бихоҳад дар аъмоқи он ғавр кунад. Пас ин қадами аввал ва лозим аст.
Албатта баъд фикр кардан, маълумоти фаровон барои худ фароҳам кардан ва аз он маълумот барои дарки маорифи Қуръон ва ҳадис истифода кардан лозим аст. Ҳарчи маълумоти инсон бештар шавад, фаҳмаш аз Қуръон ва ҳадис равшантар хоҳад шуд. Таҷрибаҳо низ ҳамин тавр аст. Ҳарчи таҷрибаи инсон дар зиндагӣ бештар шавад вақте ҳаводиси гуногуни дунёро нигоҳ мекунад, маърифаташ нисбат ба Қуръон бештар ва матолиби Қуръон барои ӯ возеҳтар хоҳад шуд.
Ҷони мо ба қурбони Қуръон
Вақте Қуръон вориди ҷомеа мешавад ҳаловати худро ба комҳо мечашонад. Қадами аввал ёд гирифтани матни Қуръон аст ва ин бояд рӯз ба рӯз зиёд шавад. Агар бихоҳем ҳама Қуръонро ёд бигиранд, иддае бояд дар авҷ қарор бигиранд – мисли ҳама чизи дигар – ҳамин тавр ки агар бихоҳед варзиш ҳамагонӣ шавад, бояд қаҳрамонҳоеро пеши чашми мардум нигаҳ доред.
Агар бихоҳем Қуръон дар хонаҳо, байни бачаҳо, бузургҳо, занону мардон ривоҷ пайдо кунад, бояд қаҳрамонони қуръониро эҳтиром кунед. Бино бар ин ба қориён ва ҳофизони Қуръон эҳтиром мекунем. Инҳо ҳомили Қуръон ва азиз ҳастанд. Забони инҳо азиз аст, лабҳо ва дилҳои инҳо азиз аст, чун бо Қуръон маънус аст. Ҷони мо ба қурбони Қуръон!.
Зарурати дарки Қуръони Карим
- بازدید: 1823