Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд:
اِذا جائَكُمْ مَنْ تَرْضَوْنَ دینَهُ وَ اَمانَتَهُ یَخْطُبُ اِلَیْكُمْ فَزَوِّجُوهُ اِنْ لا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِى الأرْضِ وَ فَسادٌ كَبیرٌ
Ҳар гоҳ касе ба хостгории духтари шумо омад, ки шумо нисбат ба дин ва амин будани вай ризоят доред, пас ҳатман ва фаврӣ ӯро домод гиред. Агар ин корро накардед фитна ва фасоди бузурге дар замин барпо мешавад.
Васоил, ҷ. 14, саҳ. 52
Падарону модарони азиз бояд бидонанд, ки ғариза ва майли ҷинсӣ мисли фарди ташна ё гурусна амри табиӣ ва Худододӣ ва зомини пешрафт, шукуфоии истеъдод, худбоварӣ ва масълиятшиносӣ ва бақои насли башар ба сухан гуфтан ва ё дер кардан ҳал намешавад, балки паёмадҳои ногуворе барои хонаводаҳо ва ҷомеа дорад. Ҳар духтару писаре, ки ба синни балоғат мерасад падару модар вазифа доранд бо таҷриба ва тавоноиҳое, ки доранд ва дин ҳам онро таъкид кардааст бо роҳнамоӣ ва роҳкушоӣ дар масъалаи издивоҷ онҳоро ба ин амри муборак ташвиқ кунанд ва дар ин марҳилаи муҳимми сарнавиштсоз онҳоро кӯмак намоянд. Дуруст аст, ки дар интихоби ҳамсар, домод ё келин ҳассос бошем, вале ёдамон наравад, ки васвос набошем. Агар Худо фарди солеҳ, диндор ва амонатдор ва ангеза ба корро хостгори духтар ё хоҳари мо кард бояд бо шинохт ва таваккул ба Худо роҳро боз кард ва ҷавононро бо ҳам дамсоз намуд то ин марҳилаи сарнавишсоз бо хушбахтӣ оғоз шавад. Падарону модарони гиромӣ ва ҳамаи мусулмонон бояд меъёрҳои интихоби домод ё келинро диндорӣ, порсоӣ, амонатдорӣ ва ахлоқи некӯ бидонанд. Дар ғайри ин сурат дар замин фитна ва фасоди бузург рух медиҳад, ки падарону модарон ва ҳамаи касоне, ки метавонистанд корро аз роҳи дуруст ҳал кунанд ва накарданд масъули ин ногувориҳо хоҳанд буд.
Умедворем Худои Мутаол ба ҳамаи падарону модарон ва уммати исломӣ анҷоми вазифаи худ махсусан дар масъалаи издивоҷи ҷавонон тавфиқ иноят кунад.