Яке аз шиорҳои рӯз дар Тоҷикистони муосир ин аст, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳарчанд, ин як шиор аст, вале як фикри дуруст низ ҳаст. Зеро дар ҷаҳони муосир, ки дорои мафкура, идеология ва ғояҳои солиму носолими бисёре мебошад, ҳифзи фикри миллӣ, тафаккури сиҳати инфиродӣ ва миллат аз масъалаҳои меҳварӣ барои таъмини суботу амният аст. Вале чистии масъала ба ин суол гиреҳ мехурад, ки оё мо муҳите сазоворе барои боло бурдани зиракии сиёсӣ дорем?
Ба хотири нагаравидани мардум, хусусан қишри ҷавон ба андешаву ақоиди ифротагароёна ва таҳдидгар ба амнияту суботи миллии мо аз як сӯй сахт зарур аст, ки як миқдор назорати ҳукумат вуҷуд дошта бошад. Вале аз сӯйи дигар заруртар аст, ки дар ин назорат ва қолаббандиҳои рушд ва такомули фикру назари миллӣ халал набинад ва бояд ин кор бисёр омӯхташудаву огоҳона сурат бигирад. Зеро агар дар кӯтоҳмуддат барои пешгирӣ аз гаравишҳо мусоидат намояд, дар дарозмуддат метавонад ба маҳдуд ва қолабӣ шудани тафаккури миллӣ сабаб шавад.
Дар шароите ки Тоҷикистон оппозисюни расмиву қонунии дохилӣ надорад, матбуоти сиёсии таъсиргузор дар чаҳорчӯбаҳои идеологиву назоратӣ нигаҳдорӣ мешаванд, дар марказҳои илмиву таълимию тадқиқотӣ, назири Академияи улум, донишкадаву донишгоҳҳо маҳофили баҳсии фаъол тақрибан вуҷуд надоранд ва дар дигар ниҳодҳои фикриву ҷомеаи шаҳрвандӣ андешакадаҳои фикриро таъсис намедиҳанд, магар имконпазир ҳаст, ки зиракии сиёсӣ баланд шавад?!
Дар олами муосир яке аз роҳҳои муассири баланд бурдани сатҳи огаҳиҳои сиёсии шаҳрвандон расонаҳо, аз ҷумла телевизион мебошад. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон бо барномаҳои идеологиву нақшавии қолабиашон таъсири заъифе дар огоҳиҳои сиёсии мардум доранд. Дар шароите ки асоситарин абзорҳои боло бурдани шуури сиёсӣ аз пеши мардум гирифта шудааст, бар асоси чӣ мантиқе мешавад аз онҳо зиракии сиёсӣ талаб кард? Дар ин гуна халаъи фикриву ақидатӣ гаравиши ҷавонони кишвар ба андешаву гуруҳҳои тундраву ифротгаро осонтар мешавад. Ҳамин гуна муҳитҳо боис мешаванд, ки имрӯз, бадбахтона тоҷикон мақоми аввали маргталабони гуруҳи хунимардумхори ДИИШ-ро соҳиб шаванд.
Чанд сол пеш низ “тарроҳҳони ислоҳи низоми маорифи кишвар” будани соатҳои дарсии зиёди фанҳои гумманитариро дар барномаҳои макотиби миёнаву олӣ нозарур шуморидаву ба ихтисори он даст заданд. Дар фосилаи хеле кӯтоҳ ин иштибоҳи онҳо “самара ба бор овард” ва насли мактабиву донишгоҳии кишвар ба суроғи гуруҳу ниҳодҳое рафтанд, то холигоҳи фикриву ақидатии худро ҷуброн кунанд. Ҳарчанд ин иштибоҳи “ислоҳотгарони маориф” шиносоӣ шуду соатҳои дарсҳои фунуни инсониро дубора барқарор карданд, вале хисороти ин “ислоҳот” ҷуброннопазир шуд.
Ҳоло корҳои дигаре, ки анҷом дода мешаванд ва сабаби аз нигоҳи фикрӣ рушд наёфтани шаҳрвандон мегарданд, ба масобаи ҳамин кори “ислоҳотгарони маориф” аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ зиракии сиёсӣ ё огоҳиҳои сиёсии ҷавонон танҳо бар пояи андешакадаҳои фикрӣ, майдонҳои баҳсӣ ва озодии баён боло бурда шудааст на аз роҳи насиҳат. Зеро насиҳат дар баробари ин ҳама василаҳои муқтадири таблиғотиву мағзшӯйии дунёи муосир нокоро мебошад. Алома Айнӣ ҳам дар асараш “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” таъкид мекунад, то замоне ки асари “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро нахонда буд, дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо нашуд. Айнӣ таъкид мекунад, ки аз барномаҳои шахшудаву қолабии мадрасаҳои Бухоро дилбазан шуда буд ва зери таъсири маҳфилҳои баҳсии адабиву сиёсӣ ва мутолааи матбуот ба инқилоби фикрӣ расид ва сатҳи огаҳиҳояшро боло бурд. Ва ин гуна таъсиротро дар такомули шахсиятии устод Айнӣ ҳамаи мо ба мушоҳида гирифтаем, ки то чӣ андоза асаргузор буданд ва Айниро аз як муллобачаи даҳякхури базмгарди даврони ҳукумати манғитҳо ба як фаъоли иҷтимоиву муборизи милливу қаҳрамонми миллат табдил доданд.
Мисли сарнавишти Айнӣ мо метавонем садҳо мисоли дигар бизанем, аммо барои дучархае, ки як бор ихтироъ шудааст назарияи дигаре бофтан кори беҳуда аст. Танҳо таъкид мекунем, ки дар фазои бунбасти фикрӣ рушд додани зиракии сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи огаҳиҳои мардум мушкил ва ҳатто номумкин аст. Мо ҳатман ниёзманди коркардҳо ва роҳбурдҳое ҳастам, ки ҳам аз гаравишҳо пешгирӣ кунем ва ҳам фикри миллиро ҳифз намоем.
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Озодагон
Зарурати муҳити сазовор
- بازدید: 1649