Аз аввали вуруд мавзеъгирии худро мушаххас кард. Шутуре, ки Пайғамбар(с) савор буд, вориди шаҳри Ясриб шуд ва мардум атрофи онро гирифтанд. Дар он замон шаҳри Мадина маҳалла-маҳалла буд ва ҳар маҳаллае хонаҳо, кӯчаҳо ва ҳисору бузургони худро дошт ва ба қабилае вобаста буд. Бархе қабилаҳо ба Авс ва баъзе дигар ба Хазраҷ вобаста буданд.
Вақте шутури Пайғамбар(с) вориди Ясриб шуд, пеши ҳар кадом аз қалъаҳои қабоил, ки расид, бузургон берун омаданд, ҷилави шутурро гирифтанд ва ба Пайғамбар(с) гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Биё инҷо. Хона, зиндагӣ, сарват ва роҳатии мо дар ихтиёри ту аст.
Пайғамбар(с) фармуд: Ҷилави шутурро раҳо кунед. Ӯ дастурро иҷро мекунад. Пас бигузоред то биравад.
Ҷилави шутурро боз карданд, то ба маҳаллаи баъдӣ расид.
Боз бузургон, ашроф, пирамардон, шахсиятҳо ва ҷавонон омаданду ҷилави ноқаи Пайғамбар(с)-ро гирифтанд ва гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, инҷо фуруд биё. Инҷо хонаи ту аст. Ҳарчи бихоҳӣ дар ихтиёрат мегузорем ва ҳамаи мо дар хидмати ту ҳастем.
Фармуд: Канор биравед. Бигузоред шутур ба роҳаш идома диҳад.
Шутур маҳалла ба маҳалла роҳ мерафт то ба маҳаллаи Бани Наҷҷор –ки модари Пайғамбар (с) аз ин хонавода аст– расид.
Мардони Бани Наҷҷор тағоиҳои Пайғамбар(с) маҳсуб мешуданд. Онҳо пеш омаданду гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, мо хешованди туем. Ҳастии мо дар ихтиёри ту аст. Дар манзили мо фуруд биё.
Фармуд: Не, канор биравед.
Роҳро боз карданд. Шутур ба фақиртарин маҳаллаҳои Мадина омад ва дар ҷое нишаст. Ҳама нигоҳ карданд, то бинанд, ки хонаи кист. Диданд хонаи Абӯайюби Ансорӣ аз фақиртарин ё яке аз фақиртарин одамҳои Мадина аст.
Он ки маҳрумтар аст, ҳаққи бештаре мебарад.
Худаш ва хонаводаи мустаманд ва фақираш омаданд ва васоили Пайғамбар(с)-ро бардоштанд ва дохил бурданд. Пайғамбар(с) ҳам ба унвони меҳмон ворид шуд ва ба аъёну ашроф ва мунтақидону соҳибони қабила ва амсоли инҳо дасти рад зад ва мавзеи иҷтимоии худашро мушаххас кард. Маълум шуд, ки ба пул, ҳайсият, шарафи раёсати фалон қабила ва ба қавму хеш ва одамҳои пуррӯ ва амсоли инҳо вобаста нест ва нахоҳад шуд.
Аз ҳамон лаҳзаи аввал мушаххас кард, ки дар бархурд ва таомули иҷтимоӣ, тарафи кадом гуруҳ ва тарафдори кадом ҷамъият аст ва вуҷуди ӯ барои чӣ касоне бештар нофеъ хоҳад буд. Ҳама аз Пайғамбар(с) ва таолими ӯ нафъ мебаранд, аммо маҳрумтар саҳми бештаре мебарад ва бояд маҳрумияташ ҷуброн шавад.