Шабидрорӣ мумкин аст нишонаи нооромии дарунӣ ва вуҷуди мавзӯи ҳалнашуда дар кӯдак бошад. Вуруд ба фазои мактаб ва рӯ ба рӯ шудан бо таҷрибаҳои тоза дар он, таваллуди навзод ва вуҷуди хоҳару бародари майдае, ки таваҷҷӯҳи падару модарро ба худ ҷалб карда аст, таоруз ва кашмакаш миёни падару модар, талоқ, тарс, изтироб ва ... аз омилҳое ҳастанд, ки сабаби пайдоиши шабидрорӣ мешаванд. Нуктаи поёнӣ он, ки шабидрорӣ дар писарон бештар аз духтарон рух медиҳад.
Ончи набояд анҷом дод
Аз сарзаниш ва танбеҳи кӯдак парҳез кунед. Ин кор фақат сабаби афзоиши шабидрорӣ мешавад ва мушкили отифӣ ҳам барои ӯ ба вуҷуд меоварад.
Замоне огоҳ шудед, ки ҷойгаҳашро тар карда бо ӯ бо хушунат сухан нагӯед ва даъвояш накунед.
Иҷоза надиҳед дар соатҳои наздик ба хоб нӯшиданиҳои зиёде (махсусан кофеиндор мисли чой, кофе ва ...) бинӯшад.
Ҷараёни шабидрории ӯро махсусан дар назди худаш барои дигарон бозгӯ накунед.
Мушкили ӯро бузургнамоӣ накунед.
Аз нисбат додани номҳои номуносиб ба ӯ худдорӣ кунед.
Гуфтани ҷумлаҳое мисли “Магар ту баччаӣ!” худдорӣ кунед, чунки на танҳо мушкилеро ҳал намекунад, балки мушкилофарин мешавад.
Кӯдакро натарсонед ва нигаронаш накунед, ки мумкин аст дигарон бифаҳманд ва обрӯят меравад ва ...
Хастагии худро аз шустушӯи либосҳо ва покиза кардани ҷойгаҳи ӯ нишон надиҳед.