Гузари замон воқеияте инкорнопазир аст ва фурсатҳои пешомада яке пас аз дигаре мегузарад ва ин мо ҳастем, ки ба хотири якнавохтӣ ва саргарм шудан ба умури зиндагӣ, аз гузаштани он ғофил мешавем, вале ҳангоме ки қисмате аз замон, монанди поён ё оғози сол дар назар гирифта шавад, беҳтар ва бештар ба ин масъала метавон пай бурд ва муҳим дар инҷо баҳрагирӣ аз паёмҳое аст, ки ин воқеият барои мо инсонҳо дорад.
Инак Наврӯз шуд ва соли дигаре фаро расид ва як соли дигар аз умри мо сипарӣ шуд. Чӣ хуб аст, ки бо ин дид, ки аз паёмҳои он баҳрабардорӣ кунем, ба соли нав нигоҳ намоем.
Табиати одамӣ чунин аст, ки гирифтори иштибоҳ ва хато аст ва албатта ба таносуби шахсият ва ҷойгоҳи афрод фарқ мекунад ва ҳар қадар инсон худро ба ҳақоиқ наздик карда бошад дар ин бора бештар метавонад худро ҳифз кунад. Муҳим ин аст, ки инсон дар фикри ҷуброни хатоҳои худ бошад ва барои ҷуброни фурсатҳои аз даст рафта кушиш кунад. Дар фарҳанги ғании Ислом аз ин мавзӯъ ба унвони "тавба" ёд шудааст.
Чӣ хуб аст, ки ҳама қадре фикр кунем ва нигоҳе ба гузашта дошта бошем ва гузаштаи хешро ба тарозуи нақд гузорем.
Чӣ зебост дуои дигаргунии сол, ки дар он аз Худованди дигаргункунандаи дилҳо ва дидаҳо, тағйири ҳолро мехоҳем. Худованд бар тағйири дилҳои бандагони хеш тавоно аст, вале мо худ бояд ин амрро талаб намуда, дар ҷиҳати расидан ба он талош ва кӯшиш кунем, зеро ки ҳазрати Ҳақ инсонҳоро озод офарида аст ва мақомоти волои инсониро мутаносиб бо саъй ва талоши онҳо ато мекунад.
Ба баҳонаи фаро расидани соли нав ва диду боздид аз хешу табор ва ёру дӯстон ва маҳфилороӣ, зимни фаромӯш кардани хотироти нохушоянди гузашта, ибрат гирифтан аз пастию баландии зиндагӣ ва аз байн бурдани кинаву кудуратҳо, ҳамдигарро ба ростиву дурустӣ, парҳезгорӣ даъват намоем, ки ҳамоно назди Худованд тақво меъёри бартарист. Аз ҳоли ҳам бохабар шуда, то ҷое, ки дар тавон дорем баҳри бартараф шудани мушкилоти ҳамдигар ва расидан ба ояндаи некӯ талош намоем ва барои беҳрӯзӣ дуо кунем.
Аз Худованд мехоҳем, ки ҳар чӣ ба салоҳи мост ба мо марҳамат фармояд ва ин солро соли хайру баракат бигардонад. Омин.