Дилҳои мо ба сабаби 10 чиз мурдааст чун:

  1. Аллоҳ Таолоро мешиносем, вале ба фармудаи ӯ амал намекунем.

  2. Қуръони Каримро мехонем, вале ба он амал намекунем.

  3. Иддаои муҳаббат ва пайравии Расули Худо (с) дорем, вале суннати он ҳазратро тарк кардем.

  4. Шайтонро душман медонем, вале шабу рӯз аз ӯ итоат мекунем.

  5. Мехоҳем ба биҳишт равем, вале тӯшаву маркаби муносиби он надорем.

  6. Дӯст дорем аз дӯзах наҷот ёбем, вале амалҳое мекунем, ки моро ба дӯзах меандозад.

  7. Мегӯем марг ҳақ аст, вале омодагӣ надорем.

  8. Айби худро намебинем, вале шабу рӯз дар паи айбҷӯӣ аз бародари мусулмон ҳастем.

  9. Неъмати Аллоҳ Таолоро мехӯрем, вале шукри он намекунем.

  10. Ҳар рӯз марги хамсоя ва хешони худро мебинем, вале ба марги худ намеандешем ва аз он ибрат намегирем.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст