Магар чигуна зиндагӣ мекунем, ки то касе мемирад мегӯем роҳат шуд!!!

Хонаҳои бузург, аммо хонаводаҳои кӯчак дорем.

Ҳуҷҷати таҳсилии боло, аммо дарки поини дорем.

Бе ҳеҷ мулоҳизае рӯзҳоро мегузаронем, аммо диламон умри ҳазрати Нӯҳ мехоҳад!!!

Кам механдем, вале зуд асабоне мешавем.

Кам мутолиа мекунем, аммо вонамуд мекунем, ки ҳама чизро медонем!

Аз дурӯғ мутанаффирем, вале такрор мекунем.

Зиндагӣ сохтанро ёд гирифтаем, аммо зиндагӣ карданро не.

Сохтмонҳои баланд дорем, аммо ҳимматҳо кӯтоҳ аст.

Бештар харҷ мекунем, аммо камтар кор ва даромад дорем.

Бештар мехарем, аммо камтар лаззат мебарем.

Фазои берунро фатҳ кардаем, аммо фазои дарунро не.

Бештар барнома мерезем, аммо камтар амал мекунем.

Саросема ҳастем, вале сабр надорем. Ҳ

ар рӯз имтиҳони худ ва дигаронро мебинем, вале ибрат намегирем.

Магар мо бештар аз якбор фурсати зиндагӣ кардан дорем...?!

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст