Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: “Фарзанди шоиста, даста гуле аз ҷониби Худованд аст, ки миёни бандагон қисмат мекунад”.
Барои расидан ба чунин мавҳибати азиме, шоиста аст ки волидайн бо огоҳи тамом бо тарбияти саҳеҳи кудакон, роҳро барои расидан ба чунин марҳилае бигушоянд. Муҳимтарин вазифаи волидайн нисбат ба фарзандонашон он аст, ки бо эҳтиром гузоштан ба ӯ, ҳамвора шахсияти фарди ва иҷтимоии ӯро ҳифз кунанд ва ӯро дар миёни ҳамсолон ва ҳамбозиҳояш хафиф ва хор ҷилва надиҳанд. Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: “Ҳамонгуна,ки фарзанд набояд ба волидайни худ беэҳтироми кунад, волидайн низ набояд нисбат ба ӯ беэҳтироми намоянд.” Эҳтиром ба ҳуқуқи фарди ва иҷтимоӣ кудакон ва навҷавонон аз аҳамияти басазое бархурдор аст; зеро ки дорои ҳуқуқи иҷтимоӣ, онон меомузанд, ки дар оянда фарди адолатхоҳ тарбият шаванд. Бадин ҷиҳат лозим аст волидайн дар миёни онҳо ба адолат рафтор намоянд то ин хасиса дар рафтори ояндаи онон ҷилвагар шавад. Он бузургвор дар каломи дигар мефармояд: “Миёни фарзандони худ дар ато ва бахшиш ба адолат рафтор кунед, ҳамчунон ки дуст доред онон низ, дар эҳтиром ва муҳаббат, миёни шумо одилона амал кунанд.”
Пас биёед ба фарзандонамон эҳтиром бигузорем то ба мо ҳам эҳтиром бигузоранд.