Вақтшиноси дар тарбияти кудак
Риояти ин асл, ки дар чи замоне чи чизеро бояд ба кудак омухт, сабаби мавқеияти мураббиён дар амри омузиш хоҳад шуд.
Бояд замоне ба сухан гуфтан бо кудак лаб гуушд, ки кудак алоқа ба шунидан бошад.
Кудак, ҳамчун гуле аст, ки дар мавқеияти муносиб ва заминаи мусоид шукуфо мешавад ва агар зудтар аз мавқеъ боз шавад, ба зуди пажмурда хоҳад шуд.
Муносибтарин замон барои дархост аз кудак, ҳангоме аст, ки заминаҳои эҳсоси ниёз ва алоқа ба анҷом додани кореро дар онҳо мушоҳида кунем.
То замоне, ки рафтор бо кудак ҳамроҳ бо тафоҳум набошад, нуфуз дар вай номумкин аст.
Парҳез аз зургуӣ дар тарбият
Дар амри таълим ва тарбияти руҳи латифи инсон, омили зур, номуваффақ аст. Ҳамонгуна ки ғунчаи гул бо зур ва фишор шукуфо намешавад.
Рафтори муҳаббатомез бо кудак
Агар кудакон эҳсос кунанд таҳти фишор ё иҷбор нестанд, аз кори хилофи худ даст бармедоранд.
Истифода аз сабр ва сукути ба мавқеъ
Барои барқарори иртиботи мусбат бо фарзандон, афзун бар калом, сабр ва сукун низ лозим аст.
Эҳтироми мутақобил (дутарафа)
Барои барқарори иртиботи дуруст бо кудакон ва навҷавонон, бояд корро бо нишон додани эҳтироми мутақобил ба онон шуруъ кард.
Кудаки кардани кудак
Кудак бояд дар даврони кудакӣ, ба қадри кофи кудаки кунад. Ҳаргуна шитоб задаги кудакона барои хориҷ шудани зудрас аз марҳила, рушдёфтаги ва бузургманиши ӯро ба таъхир рӯ ба рӯ мекунад.
Идома дорад