Яке аз давраҳои тарбият, тарбият аз таваллуд то ҳафт солагӣ аст. Ин давра ки синни шодмони ва бозии кудак аст, аз замони таваллуд оғоз мешавад. Фарзанд дар овони кудаки ҳанӯз дунёи худро намешиносад ва ба таври комил бо он дар иртибот нест. Ӯ наметавонад корҳои шахсии худро анҷом диҳад ва аз ин ҷиҳат ба сини рафъи ниёзҳо ҳам таъбир мешавад. Равоншиносон (психолог) ба давраи (аз таваллуд то ду солагӣ), синни ҳисси – ҳаракати мегуянд. Аз ду солаги ҷасту хези кудак авҷ мегирад ва майли ӯ ба бозиҳо бештар мешавад. Ӯ дар ин син, аз тамаркузи тулонӣ дар масоил гурезон аст ва фавқулодда ба дунболи танаввуъталабӣ ва озодихоҳӣ аст. Аз ду то се солагӣ, иртиботи комилтаре бо муҳити атрофи худ пайдо мекунад ва кам кам қудрати ташхис дар ӯ намоён мешавад, вале ҳамчунон аз тасмимгири оҷиз ва ба волидайн муттаки аст.
Аҳамияти тарбият дар синни сиёдат, ба ин иллат аст, ки шахсияти фард дар 5 соли аввали зиндагӣ шакл мегирад. Олперт равоншиноси маъруф мегуяд:
Дар ҳудуди чаҳор моҳагӣ рушду тақвияти ёдгири кудак ба ҳадде расида аст, ки метавонад одати созиши ва сифоти иктисоби дошта бошад. Иртиботаш бо муҳит бештар мешавад, тафовутҳои каму беши тадриҷи дар улгуи шахсияти ӯ падид меояд ва сифоти тозае касб мекунад. Ҳарчи син камтар бошад, асари авомили муҳити дар зеҳн побарҷотар ва устувортар аст.
Ногуфта намонад, озоди кудак дар ҳафт соли аввали зиндагӣ ба маънии раҳо кардани ӯ, додани иҷозаи анҷоми корҳои нописанд ва ё хилофи адаб ва бетафовути нисбат ба рафторҳои нодуруст нест, балки яъне набояд ӯро таҳти фишор қарор дод ё кореро ки аз тавонаш хориҷ аст, ба ӯ супурд. Бояд бо ӯ рафтори одилона ва мудаббирона ва бо ӯ бархурди муносиб дошт.
Ҳафт соли аввали зиндагии кудак, даврони шаклгири шахсияти ӯст.