Маросими издивоҷҳо сода таъкид шудааст
Шумо агар ба маросими издивоҷ дар миёни ақвоми мухталиф нигоҳ кунед хоҳед дид дар Ислом маросими издивоҷ сода аст. Албатта ҷашну шодиие, ки ҳар кас ҳар миқдоре, ки тавонои дорад, айбе надорад, аммо инҳо аз дин ва ҷузви ташрифоти расмӣ ва динии издивоҷ нест. Ҳар кас хост метавонад анҷом бидиҳад, ҳар кас нахост, не. Ин ки ҳатман бояд бираванд дар як ибодатгоҳ зону бизананд пеши касе ва чи бикунанд ва маросиме, ки дар ҷоҳои дигар вуҷуд дорад, дар Ислом нест. Дар Ислом як сиғаи ақди шаръӣ аст, ки бояд хонда шавад. Албатта дар Ислом барои муомилоти гуногун, ки аҳамияташ камтар аз издивоҷ аст, шоҳид мегиранд ҳоло ҳам ки муқаррароти сабт аст. Марказҳои сабти расмӣ аст ва ҳеҷ расму русуми сахте надорад метавонанд хеле роҳат ва бе ташрифот ин издивоҷро анҷом диҳанд.
Ақди исломӣ ё ақди ҷоҳилӣ
Шариати муқаддаси Ислом дар издивоҷ, қайдҳои ҷоҳилона ва шароити расмшудаи ҷоҳилонаро манъ кард ва як силсила шароити ҷадид ва суннатҳои тозаеро поягузорӣ кард. Агар мо коре кунем, ки ақд ва издивоҷи мо аз он чизҳое, ки Ислом манъ кардааст, дур ва пок бошад ва ба он суннатҳое, ки Ислом бунёдгузорӣ кардааст ороста ва музайян бошад, ақд ва издивоҷи мо исломӣ ва бар асоси ризои Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хоҳад шуд ва ин зиндагӣ ширин мешавад ва зану шавҳар бо ҳам хуб зиндагӣ мекунанд ва дар ҷомеа ҳам табақаҳо ба вуҷуд намеояд.
Агар Худои нокарда он чизҳоеро, ки Ислом аз байн бурда ва берун рехта аст, мо дар ақди издивоҷ биёрем, он дар ҳангом ақди мо ҷоҳилӣ хоҳад шуд. Ном мусулмон аст, аммо кори ҷоҳилона хоҳад шуд. Ё агар он чизҳоеро, ки Ислом бино гузошт дар издивоҷ риоят накунем, боз ақди исломӣ комил нахоҳад буд.
Осон бигиред Худои Мутаол кифоят мекунад
Бо ҷавонҳо вақте сӯҳбат мешавад мегӯянд, ки агар издивоҷ кунем баъдаш барои хона, ҷои кор ва ... чӣ кор кунем? Инҳо ҳамон қайдҳое аст, ки ҳамеша пеши корҳои асосӣ ва аслиро мегирад. Худои Мутаол фармуд:
“ اَن یَکونو فقراء یُغنِهمُ الله مِن فَضلِهِ”
(Яъне издивоҷ кунед Худои Мутаол инҳоро бениёз хоҳад кард). Издивоҷ дар вазъи маишатӣ душвории хоссе ба вуҷуд намеоварад, балки баръакс Худои Мутаол онҳоро аз фазлаш ғанию бениёз ҳам мекунад. Инро Худои Мутаол фармудааст. Бале мо барои худамон ба қавли маъруф ба ҷои харҷ, бурҷ дуруст мекунем. Изофаҳои зиндагӣ ва ниёзҳои дуруғин ба вуҷуд меоварем. Албатта дар ин сурат мушкил пеш меояд. Тақсири кӣ аст? Дар дараҷаи аввал тақсири тавонгарон аст. Он касоне, ки имконот доранд, шартҳоро боло мебаранд, сатҳи хоҳишҳо ва таваққуот ва ниёзҳои дуруғинро боло мебаранд. Баъд ҳам тақсири баъзе аз масъулин аст, ки василаҳои издивоҷро риоят намекунанд. Бояд дар ҷомеаи ҷо биафтад, ки издивоҷ як зарурат аст, бояд анҷом бигирад. Ин ки духтарҳо бигӯянд, ки мо ҳануз омодаи издивоҷ нашудаем ва писарҳо бигӯянд, ки мо ҳануз ақли зиндагӣ надорем, ҳарфҳои мантиқӣ нест. Дар масъалаҳои зиёди зиндагӣ, мо мебинем, ки ҷавонҳо омодагӣ ҳам доранд ва хеле ҳам хубанд. Мефаҳманд. Аммо ин издивоҷ як масъулиятпазирӣ ҳам ҳаст. Ин ҳисси гурез аз масъулият, монеъи издивоҷ мешавад.
Бо шодӣ ва меҳмонӣ мувофиқем, на бо исроф
Таҷаммулот ва фахрфуруши барои ҳаммаи ҷомеа зарар дорад ва бад аст. Касоне, ки бо таҷаммулот мухолифанд, маънояш ин нест, ки аз лаззатҳо ва хушиҳо бебаҳраанд, Не! Онро кори зараррасон барои ҷомеа медонанд. Мисли як дору ё хуроки зарарнок барои ҷомеа зарар дорад. Албатта дар ҳадди оқилона ва одди дуруст аст, аммо вақте мураттаб пои рақобат ва мусобиқа ба миён омад, аслан аз ҳадди худаш таҷовуз мекунад ва ба ҷойҳои дигар меравад.
Баъзе исроф мекунанд. Мерезанд ва мепошанд. Дар ин рӯзгор, ки фақирон ва касоне, ки аввалиёти зиндагӣ дар ихтиёрашон нест, ин корҳо исроф ва зиёдӣ аст. Ҳар кас бикунад хилоф кардаас ва кори бад аст.
Чи қадар духтарҳо, ки агар издивоҷ ҳам мекунанд ба хотири бе банду бории пулдорҳо, эҳсоси камбуд ва ғусса ва шармандагӣ мекунанд. Фикр мекунанд, ки чизе кам доранд.
Баъзе аз мардум бо ин кор, ки мешавад бояд савоб баранд, гуноҳ мебаранд. Бо исрофҳо, хилофҳо ва омехтани ин амалҳои ҳасана ба корҳои ҳароме, ки анҷом медиҳанд. Ҳаром ҳамааш ин нест, ки бегона ва худи боҳам якҷо шаванд. Онҳо ҳам албатта ҳаром аст, рехту поши зиёдӣ ҳам ҳаром аст. Исроф ҳаром аст. Сӯзондани дили мардуме, ки тавон надоранд дар мавридҳое воқеан ҳаром аст.
Мардуми оқил розӣ намешавад аз касоне, ки бо харҷҳои сангин ва исроф дар амри издивоҷ, корро бар дигарон мушкил мекунанд. Албатта бо ҷашну шодӣ ва меҳмонии оқилона ҳамаи ҷомеаҳо мувофиқанд, вале бо исроф ҳамаи ҷомеаҳои оқил мухолифанд.