Масъалаи маҳрам ва номаҳрам ва ҳиҷоб ва нигоҳ кардан ва рафту омадҳо ва муоширатҳои носолим ва зараррасон, ин чизҳое, ки дар Ислом ин қадар таъкид шуда ва дар баъзе аз кишварҳо ва ҷойҳое, ки аз таълимот ва фарҳангӣ Исломӣ дуранд, инҳо риоят намешавад, агарчи як маҳдудияте барои зан ва мард ба вуҷуд меоварад, аммо натиҷаҳои олие дорад, ки инҳоро Худои Мутаол барои ҳифзи хонавода, барои мондагории ин бинои муҳим шарт кардааст, ки агар ҳар инсоне тадаббур ва фикр кунад, ҳикматҳои бисёр бузурге хоҳад дид. Имрӯза мо ба хуби метавонем натиҷаи дурии мардуми нисфи ҷаҳонро аз фарҳанги Исломӣ ошкоро бибинем ва ламс кунем.
Ин кишварҳо дар маъраз ва таҳдиди чи мушкилоти ҷамъиятии ваҳшатноке қарор доранд. Тақрибан дигар омори оила дори ба поинтарин дараҷаи худаш расидааст. Омори зоду валад дар камтарин ҳолаташ қарор дорад.
Бояд дар оила ва хонавода дилҳо ва муҳаббатҳои ҳамсарон ба як нуқта ҷамъ шавад. Маҳрам ва номаҳрам аст, ба номаҳрам нигоҳ ва муошират накун, даст надеҳ, наханд, пеши роҳи касеро нагир, дар назди дигарон ороиш накун чун ба ҳамон андоза аз саҳми ҳамсарат кам мешавад. Ин аҳкоми дин барои ин аст, ки агар риоят кардед, хонаводаи хурди шумо мустаҳкам ва аз бало дур мемонад. Зан ва шавҳар эҳсос мекунанд, ки сару корашон бо якдигар ва ин хонавода аст. Зан эҳсос намекунад, ки хона барои ӯ як василаи дасту погир аст ё як зиндон аст. Ё мард эҳсос намекунад, ки хона ва зан барои ӯ як василаи музоҳим аст ва асорат шудааст. Инҳо танҳо дар сояи таълимоти фарҳангӣ Исломӣ ба даст меояд.
Тарҳ ва равиши ташкили оила ва хонаводадории пешрафта ва мудерни имрӯзаи аврупои ва... ба шикасти худ борҳо дар мақолот ва китобҳо эътироф ва изъон кардаанд. Дигар умеде ба онҳо барои ҷомеаҳо нест.