aibjui hasodat

Ман ҳамеша пешниҳодамон ба мардҳои ҷавон ин аст, ки дар муошират бо номаҳрам ва ҳатто маҳрам коре накунед ва сухане нагӯед, ки занони худро водор ба ҳасодат ва бадбини кунед. Ба духтарони ҷавон ҳам пешниҳод мекунем, ки дар бархурд бо мардҳои бегона, коре накунанд ва ҳарфе назананд, ки ҳисси ҳасодат ва ғайрати шавҳаронашонро таҳрик намоянд. Ин ҳасодатҳо бадбинӣ меорад ва пояҳои муҳаббатро суст мекунад ва аз реша месӯзонад.

Ҳасодат ва таҳқири ҳамсар оғози фурупошии хонавода

Зулм, табъиз ва иҳонат дар ҳар ҳоле нодуруст аст. Агар шумо олитарин марди дунё бошед ва зани шумо масалан аз ҷиҳати савод ва маълумот ва... камсавод ё аз як хонаводаи поин бошад, шумо ҳаққи камтарин зулм ва иҳонатеро бар ӯ надоред, зан ҳам як инсон аст то абад эҳтиромаш лозим ва ҳатми аст. Ин албатта фақат махсуси мо нест. Ин аврупоиҳои духизада ва дарзмолкашида шуда, гоҳе хеле бадтар аз ҷомеаҳои мо ба занон зулм мекунанд. Мард ҳақ надорад ҳарчиболотарбошадбазанаш ситам, зулм ва ҷафокунад.

Зан ҳам ҳаминтавр аст. Гоҳе зани босавод ва таҳсилкарда бо як марди коргар издивоҷ кардааст. Ӯ ҳам ҳақ надорад мардро таҳқир кунад ва хурд ва ночиз бишуморад. Мард боз ҳам барои ӯ нуқтаи такягоҳе аст. Бояд ӯро аз ҷиҳати рӯҳӣ чунон ҳифз кунад, ки бишавад ба ӯ такя кард. Ин хонаводаи солим аст. Агар хонавода ин тавр буд, бидонед рукни асосии саодатро таъмин кардаед. Ҷомеаи солим интавр саломати худро нигоҳ медорад. Ин саломати ҷомеа хело ҷидди ниёзманди омӯзи ва ёд додан дорад. Брои ин шабу рӯз бояд кор кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст