musobiqa

Асири таҷаммулот ва ташрифот ва чашму ҳам чашмиҳо нашавед. Худатонро дар доми мусобиқаи моддӣ дар корҳои зиндагӣ ғутавар насозед. Ҳеҷ кас дар ин мусобиқа хушбахт ва комёб намешавад ва балки зарарҳои ҷубронношудани ҳам диданд. Ин завоҳири зарқу барқи зиндагии шахсӣ, ҳеҷ инсонро хушбахт, дилшод ва розӣ намекунад. Асосан нафси инсон ин тавр аст, ки инсон ҳар чи ба дасташ меояд, боз чизи бештар мехоҳад. Ҳамеша дар ҳасрати чизи беҳтар аст. Зиндагии ташрифотӣ, таҷаммулотӣ, ашрофманишӣ ва пурхарҷ инсонро бадбахт мекунад ва аз саодати воқеи дур мегардонад. Ин гушдоданҳо ба нафс, хуб нест. Зиндагӣ бояд бо кифоф ва роҳат бигузарад на пурхарҷ ва исрофкорона. Ин дуторо баъзе чаро бо ҳам иштибоҳ мекунанд?

Дар шариати муқаддаси Ислом ҳаст ‑العفاف و الکفاف- яъне қаноат, яъне муҳтоҷи касе набошанд ва битавонанд зиндагияшонро беэҳтиёҷ ба каси дигар идора кунанд. Дилхушӣ ҳам бояд дошта бошанд.

Албатта эътиқод надорем, ки афрод ба аҳл ва наздикони худ сахтгириҳои тангназарона кунанд, аммо ақида дорем, ки ҳама аз рӯи ақида, имон, ишқ ва дили хуш ба як ҳад қонеъ бошанд.Қаноат кардан ва дунболи нафс бад нарафтан худ заминаи саодатро омода ва муҳаё месозад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст