Шукр фақат гуфтани “Илоҳӣ шукр” ва саҷдаи шукр кардан нест. Шукри неъмат ин аст, ки инсон неъматро бишиносад. Бидонад, ки ин неъматро ӯ додааст ва истифода аз он неъмат ва рафтор бо он неъматро, ки Худои Мутаол меписандад, анҷом диҳад. Ин маънои шукри неъмат аст.
Агар “Илоҳӣ шукр” бигӯяд, аммо дил бо мафоҳиме, ки гуфтааст ошно набошад, ин шукри ҳақиқӣ нест.
Издвоҷ ҳам неъмати Худо аст. Худои Мутаол ин ҳамсари хубро барои шумо фароҳам карда аст, пас бояд ба шоистагӣ шукри ин неъматро ба ҷо биёваред.