family law 300x144

Дар асл бештари коршиносони масоили хонавода ва назари Ислом ин аст, ки ихтилофи хонавода дар даруни хонавода ҳал ва фасл шавад. Ба марду зан пешниҳод шудааст мулоҳизоте кунанд, ки агар анҷом гирад, одатан ҳеҷ хонаводае вайрон нахоҳад шуд. Бештари вайроншавии хонаводаҳо ба хотири ин бемулоҳизагиҳо ва беэҳтиромиҳо аст. Агар зан ва мард адаб ва ахлоқро риоят кунанд, қадрдони кунанд ва саркашӣ накунанд, саркаши ва нофаҳми пеш намеояд. Агар мард тундӣ ва хушунат кунад, зан таҳаммул надорад. Хушунати ӯ ва саркашии ин ҳам эрод дорад. Агар мард хушунат ва зан саркашӣ накунад ва бо ҳам бисозанд, хонавода боқӣ мемонад.

Пас бо эҳтиром ва адаб ва ахлоқи неку метавон аз иллати пошида шудани бинои хонавода пешгири мекунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст