sozgori 01

Аз як олими бузурге, ки мехост хутбаи ақдеро бихонад - Эшон бархилофи мо, ки муфассал сухан мегӯем- аввал ақдро мехонданд, баъд ду-се ҷумлаи кӯтоҳе сӯҳбат мекарданд. Ман дидам, ки эшон пас аз хондани ақд, рӯ ба духтару писар карданд ва фармуданд: “Биравед бо ҳам бисозед.” Чи қадар сухани муфид ва мухтасар ва ҷомеъ аст, ҳаммаи суханҳои лозима дар ин ҷумлаи кутоҳ хулоса шудааст.

Созгорӣ чист?

Талоши шумо ин бошад, ки дар тамоми зиндагӣ, махсусан чаҳор-панҷ соли аввал бо ҳам созгорӣ дошта бошед. Ин тавр набошад, ки яке андаке носозгорӣ нишон дод, он дигарӣ ҳам ҳатман дар муқобили ӯ носозгорӣ нишон бидиҳад. Не! Ҳар ду бо ҳам созгор бошед ва агар дидед ҳамсаратон носозгорӣ кард, шумо созгорӣ нишон диҳед. Инҷо аз ҷойҳое аст, ки созиш ва кутоҳ омадан хуб аст.

Маънои созгорӣ чист? Оё зан бибинад ин мард, ҳамон идеолива улгуи ӯ аст то бо ӯ созгор бошад? Ё мард бибинад, ки ин зан, ҳамон идеоли ӯ ва фарди матлуби олӣ аст, то бо ӯ созгорӣ дошта бошад? Агар як зарра ин гӯша ё он гӯшааш каҷ буд, қабул нест. Маънои созгорӣ ин аст? Не! Агар созгорӣ ин бошад ба таври табиӣ анҷом мегирад ва иродаи шуморо намехоҳад. Созгорӣ яъне шумо бо ҳар вазъияте, ки ҳаст ва пеш омада бисозед. Арус ва шоҳдомоди нав издивоҷ карда ду нафаре ҳастанд, ки бо ҳам то ҳол ошноӣ наздик надоштанд ва бораи ҳам зиндагӣ накарданд, мумкин аст фарҳанг ва одатҳояшон ду то бошанд. Аввал мумкин аст як носозгориҳое бибинанд, ҳоло аввали издивоҷ, ки ҳеҷ намефаҳманд. Вақте каме гузашт, мумкин аст носозгориҳое ҳис кунад. Оё бояд ин ҷо аз ҳам сард шаванд ва бигӯянд: Ин мард ё ин зан дигар суде надорад?! Не! Шумо бояд худатонро бо ин масъала татбиқ бидиҳед. Агар қобили ислоҳ аст, ислоҳаш кунед ва агар дидед не, коре намешавад кард бо ӯ бисозед.

Созишкорӣ дар муҳити хонавода воҷиб аст. Набояд зану шавҳар тасмим бигиранд, ки ҳарчи гуфтанд ва меписанданд ва роҳатии онҳоро таъмин мекунад ҳамон шавад. Не, набояд ин тавр бошад. Бояд бо ҳам созиш кунанд. Ин созиш лозим аст. Агар мақсуди шумо бо кутоҳ омадан таъмин мешавад, кутоҳ биёед.

Созгорӣ дар зиндагӣ асоси бақои зиндагӣ аст ва ҳамин аст, ки муҳаббат меофаринад. Сабаби баракатҳои Илоҳӣ мешавад. Дилҳоро ба ҳам наздик ва пайвандҳоро мустаҳкам мекунад. Асли издивоҷ унс, тафоҳум ва иттиҳоди ду нафар дар зиндагӣ бо якдигар аст, ки як амри табиӣ аст. Лекин Ислом бо оин ва аҳкоме, ки барои издивоҷ муқаррар кардааст, баракати бодавом ба он дода аст.

Ҳеҷ инсоне бе айб нест!

Агар дидӣ, ки ҳамсарат як айб дорад таҳаммул кун, чун ӯ ҳам шояд айбҳоеро аз шумо таҳаммул дорад ва бидон, ки ҳеҷ инсоне беайб нест, аммо одам айби худашро намефаҳмад, вале айби дигариро мефаҳмад ва гоҳе зудтар ҳам мефаҳмад. Пас тоқат кунед. Агар чунончи қобили ислоҳ аст, ислоҳаш кунед. Агар дидед коре намешавад кард, бо ӯ бисозед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст