Bisoziem

Дар гармогарми ишқи нахустин фарқҳо худро нишон намедиҳанд. Духтару писари ҷавон маҷзуби ёри хешанд ва ғарқи дарёи руъёҳои ширин, ки ҳар як дар симои ҳамсари азизи худ, ормонҳо ва орзуҳои деринаи худро мебинад ва дар оинаи маҳбуб, гӯё ба чеҳраи хеш менигарад. Аммо дер намепояд, ки ин ваҳдати руъё ва ин ҳамгунии ошиқона, дар рӯ ба рӯ шудан бо воқеиятҳои зиндагӣ ва шахсияти гуногуни ҳамсар, ранг мебозад ва ҳар рӯз беш аз гузашта худро нишон медиҳад. Бетаҷрибагӣ ва бетаваҷҷӯҳии ҳамсарони ҷавон дар бархурди дуруст бо воқеиятҳо метавонад дар ҳамин рӯзҳои оғози зиндагӣ, ононро бо мушкилоти фаровоне гирифтор кунад. Ва гоҳе натиҷаҳои он то солҳо сабаби нороҳатӣ ва ранҷиши тарафҳо шавад. Ҷавонони азизи мо бо кутоҳ омадан аз ормонҳо ва пазириши шахсияти воқеии ҳамсар, бо ҳамаи фарқҳо ва тақвияти дарки мутақобил, метавонанд бинои зиндагии муштараки худро ба мадади Илоҳӣ ҳар рӯз маҳкамтар кунанд. Раҳнамуди олимон ва соҳибони таҷриба роҳтӯшаи боарзише барои роҳи пурфарозу нишеби зиндагӣ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст