Эҳтиёт кунед корҳое, ки муҳаббатро кам ё шуморо аз ҳам норози ва безор мекунад анҷом надиҳед. Дуруст нигоҳ кунед бибинед шавҳар ё зани шумо ба чи чизҳое ҳасос аст, аз онҳо парҳез кунед. Баъзе хело зиёд бепарвои ва беаҳамияти мекунанд. Масалан зан аз як одати мард хушаш намеояд. Мард ҳам бепарво ва беаҳамият аст ва он одатро боз такрор мекунад. Ин кора ва мали хело бад ва нописанд аст. Ҳамин тавр занҳо кор ва амали нописанд ва зиштеро одат мекунад. Фарз бифармоед занҳое ҳастанд, ки ҳавасҳои шахсии худро (фалон чизҳоро бихарем ё фалон ҷо биравем ва ...) аз роҳатӣ ва осоиши шавҳар болтар ва беҳтар мешуморанд. Чӣ лозим аст? Асли кор шумо ду нафар ҳастед. Ҳамаи дунё барои шумо ҳаст. Ҳамдигарро дошта бошед ва бо ҳамдигар меҳрубон бошед.
Агар як вақт кудурате ва ранҷише аз якдигар пеш омад, бояд бо муҳаббат обаш кунед ва аз байн бибаредаш. Набояд як ҳарфи хурд ва беарзишеро бузург кунед ва доиман ба рухи ҳам бикашед, ин одатҳоро тарк кунед ва дар худ роҳ надиҳед.
Агар зан ва шавҳар нисбат ба эҳсосоти якдигар бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ кунанд оҳиста оҳиста як ҳисс ва ҳолати бемуҳаббатӣ ва бадбинӣ аз як тараф ба вуҷуд меоёяд. Чун бемуҳаббатӣ ва бадбинӣ бемории хатарнок ва гузаранда аст, ҳатман ба ҳамсар ҳам мегузарад. Набояд бигузоред кор ба ин бемуҳаббатӣ ва бадбинӣ кашидашавад. Ҳарду бояд талош ва кушиш кунед то ҳеҷ кадом поягузори ин бемории гузаранда нашавед то оилаатон мустаҳкам ва устувортар шавад. Муҳаббат бо ҳаммаи аъзои оила пояи аслии зиндагӣ дар ҷомеа аст.