Агар шавҳар мебинад, ки ҳамсараш дар роҳи анҷоми таклифҳои динии ва инсонии худаш, як қадами хуб ва хайр мехоҳад бардорад, шароитро фароҳам кунад ва монеътарошӣ накунад. Фарз кунед баъзе мехоҳанд таҳсил ва дарси худро идома бидиҳанд, ё дарси динӣ бихонанд, бо Қуръон ошно бишаванд, корҳои хайр кунанд. Шавҳаронашон гоҳе нисбат ба инҳо бадахлоқӣ мекунанд, ки мо ҳавсалаи ин корҳоро надорем! Мо зан гирифтем, ки зиндагӣ кунем. Намегузоранд ин духтар ба кори хайр бирасад ва кори хайрро одат кунад. Ингуна амал накунед. Баръакс баъзе аз мардон мехоҳанд садақаҳои ҷорӣ бидиҳанд, мехоҳанд ба ҷомеа хидмат кунанд зан ҳам монеъ нашавад.
Ин монеатарошиҳо кори хубе нест ва бар зарари оила анҷом мешавад. Барои мувафаққият бояд ҳамсарон дасти ҳамдигарро бигиранд ва ба ҳам кумак кунанд, то инки зиндагии хушбахт ва оилаи мувафақе дошта бошанд. Ин дастгириҳо аз ҳамдигар сабаби рушди инсони ва камоли инсонии онҳо мегардад, ҷомеаҳо ислоҳ мешаванд ва пешрафтҳо ҳосил мегардад. Агар ин дастгириҳо набошад пешрафти оилаҳо ба пасрафт ва ақибмондаги табдил шуда ва дар ҷомеа аз пешрафт хабаре нест ҳатто ба ақиб бар мегардад ва зарару зиёнаш ҷомеҳоро фаро мегирад. Пас лозимаи заминасози дар мувафақиятҳои оила ва ҷомеаҳо дар дастгирии дутараф аз ҳамдигар ба навъи аҳсан анҷом мегирад.